Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, № 2222 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО»
бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 ноябри соли 2025, № 222
қабул карда шудааст

бо қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2025, № 112
ҷонибдорӣ карда шудааст


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз 8 июни соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №6, мод. 341) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар банди 6) калимаҳои «раёсатҳо дар вилоятҳо, шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба калимаҳои «раёсатҳои иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо» иваз карда шаванд;

- ба банди 8) пас аз калимаи «қарздор» калимаҳои «ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур аз ситонанда» илова карда шаванд.

2. Дар қисми 1 моддаи 4, моддаи 22, қисми 4 моддаи 24, қисми 1 моддаи 53, моддаи 59, қисми 9 моддаи 60, қисми 5 моддаи 68 ва қисми 3 моддаи 80 калимаҳои «гражданӣ» ва «граждании» мувофиқан ба калимаҳои «маданӣ» ва «мадании» иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 13:

- дар банди 5) қисми 1 калимаи «шаш» ба калимаи «се» иваз карда шавад;

- дар қисми 3 калимаи «ҳалномаҳо» ба калимаҳои «санадҳои судӣ» иваз карда шавад.

4. Дар банди 1) қисми 2 моддаи 42 калимаҳои «иҷрои вилоятҳо ва шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба калимаҳои «иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо» иваз карда шаванд.

5. Ба банди 1) моддаи 44 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- ворид намудани маълумот ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон.».

6. Моддаи 47 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 47. Муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани  қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусуси муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷатҳои иҷрои зерин қарор қабул менамояд:

1) оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст;

2)  оид ба талаботе, ки хусусияти молумулкӣ надорад;

3) талаботи дигар, ки маблағи қарздорӣ аз рӯи ҳуҷҷати иҷро даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва зиёда аз онро ташкил медиҳад.

2. Қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаи бекор кардани он бо асосҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур амал мекунад.

3. Муқаррароти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 50 Қонуни мазкур барои бекор намудани қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегардад.

4. Қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонидани алимент, ки пардохтҳои давравӣ мебошад, қабул гардидааст, дар сурате бекор карда мешавад, агар қарзи бамиёномада ва пешпардохти маблағ ба муҳлати на камтар аз шаш моҳ пардохт гардида бошад.

5. Иҷрочии мақомоти иҷро, ки қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намудааст, на дертар аз рӯзи дигари пас аз ба миён омадани асосҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 50 Қонуни мазкур ва қисми 4 ҳамин модда дар бораи бекор кардани муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.

6. Мубодилаи маълумот дар бораи татбиқ ва бекор кардани қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни иҷрочии мақомоти иҷро ва мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиб ва муҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои мубодилаи ин маълумот аз феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва низоми ягонаи байниидоравии электронӣ истифода бурдан мумкин аст.

7. Маълумот дар бораи қарздороне, ки нисбаташон қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, дар сомонаи расмии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.

8. Нусхаи қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бекор намудани он аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабули онҳо ба қарздор ва ба дастгоҳи марказии мақомоти иҷро ирсол карда мешавад. Дастгоҳи марказии мақомоти иҷро маълумот дар бораи татбиқ ва бекор кардани қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро фавран на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи дастрас гардидани қарори дахлдор ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба пешбурди махзани маълумот, мубодилаи иттилоот ва назорат дар низоми «Идоракунии раводид ва сарҳад» ирсол менамояд.».

7. Қисми 1 моддаи 48 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон (минбаъд – Феҳрист) аз ҷониби мақомоти иҷро бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирии оқибатҳои номатлуби он, инчунин таъмини талаботи ҳуҷҷати иҷро анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи қарздор (ба истиснои маълумот дар бораи қарздороне, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, инчунин қарздороне, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ зиёда аз се моҳ қарздор нестанд ва талаботи дигар, ки маблағи қарздорӣ аз рӯи ҳуҷҷати иҷро то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад) ба Феҳрист дар баробари қабули қарори оғози истеҳсолоти иҷро ворид карда мешаванд.».

8. Дар қисми 2 моддаи 50:

- бандҳои 3) ва 4) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«3) тағйир додани санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, агар асосҳои ба феҳрист ворид намудан аз байн рафта бошанд;

4) дар асоси аризаи ситонанда баргардондани ҳуҷҷати иҷро, ба истиснои ҳолатҳое, ки ситониш ба фоидаи давлат анҷом дода мешавад;»;

- банди 3) банди 5) ҳисобида шавад.

9. Ба қисми 1 моддаи 60 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Ҳангоми гузоштани ҳабс ба молу мулки қарздор иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул мекунад.».

10. Дар қисми 1 моддаи 63 калимаҳои «ва хароҷоти иҷро» ба калимаҳои «, ситонидани пардохти иҷро ва хароҷот оид ба гузаронидани амали иҷро» иваз карда шаванд.

11. Ба қисми 1 моддаи 68 пас аз калимаҳои «(минбаъд – нигоҳдоранда) дар» калимаҳои «санади барӯйхатгирӣ ва» илова карда шаванд.

12. Дар қисми 1 моддаи 71 калимаҳои «ва бо молу мулки ғайриманқул бошад, на дертар аз сӣ рӯз» ба калимаҳои «то баргузории он» иваз карда шаванд.

13. Дар моддаи 72:

- ба ҷумлаи дуюми қисми 3 пас аз калимаи «давлат» калимаи «инчунин» илова карда шавад;

- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«5. Дар музоядаи молу мулки манқул иҷрочиёни мақомоти иҷро ва шахсоне, ки дар баррасии парванда бо истеҳсолоти иҷрои мазкур ба сифати судя, прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис иштирок кардаанд, инчунин аъзои оила ва хешовандони наздики онҳо ва шахсе, ки молу мулкаш дар музояда гузошта шудааст, иштирок карда наметавонанд.».

14. Дар моддаи 73:

- дар банди 4) қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«5) ғолиби музояда ҳуқуқи дар он иштирок карданро надошт.»;

- дар қисми 3 калима ва рақами «банди 4)» ба калимаҳо ва рақамҳои «бандҳои 4) ва 5)» иваз карда шаванд.

15. Дар моддаи 79:

- қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«7. Дар музоядаи молу мулки ғайриманқул иҷрочиёни мақомоти иҷро ва шахсоне, ки дар баррасии парванда бо истеҳсолоти иҷрои мазкур ба сифати судя, прокурор, котиби маҷлиси судӣ, коршиноси судӣ, мутахассис иштирок кардаанд, инчунин аъзои оила ва хешовандони наздики онҳо ва шахсе, ки молу мулкаш дар музояда гузошта шудааст, иштирок карда наметавонанд.»;

- ба қисми 8 пас аз калимаи «рӯзи» калимаи «кории» илова карда шавад;

- қисми 10 хориҷ карда шавад;

- қисмҳои 7, 8 ва 9 мувофиқан қисмҳои 8, 9 ва 10 ҳисобида шаванд.

16. Дар моддаи 80:

- дар банди 4) қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«5) ғолиби музояда ҳуқуқи дар он иштирок карданро надошт.»;

- ба қисми 6 пас аз калимаи «ситонанда» калимаҳои «(ба истиснои маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд)» илова карда шаванд;

- қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«10. Ҳангоми баргузорнашуда эътироф гаштани музоядаи такрорӣ ва бо худ нигоҳ доштани моликият аз ҷониби ситонанда, агар нархи молу мулки ғайриманқул аз ҳаҷми талаботи ҳуҷҷати иҷро зиёд бошад, ситонанда маблағи чунин фарқиятро ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро мегузаронад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 декабри соли 2025, № 2222


ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН    «ОБ ИСПОЛНИТЕЛЬНОМ ПРОИЗВОДСТВЕ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 27 ноября 2025 года, №222
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 15 декабря 2025 года, №112

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «Об исполнительном производстве»    от 8 июня 2022 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2022 г., №6, ст. 341) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- в пункте 6) слова «управлений в областях, отдела исполнения в Горно-Бадахшанской автономной области» заменить словами «управлений исполнения в Горно-Бадахшанской автономной области и областях»;

- пункт 8) после слова «должника» дополнить словами «, и в случаях, предусмотренных настоящим Законом, от взыскателя».

2. В статье 13:

- в пункте 5) части 1 слово «шести» заменить словом «трёх»;

- в части 3 слово «решениям» заменить словами «судебным актам».

3. В пункте 1) части 2 статьи 42 слова «исполнения областей и отдела исполнения в Горно-Бадахшанской автономной области» заменить словами «исполнения в Горно-Бадахшанской автономной области и областях».

4. Пункт 1) статьи 44 дополнить абзацем шестым следующего содержания:

«- внесение сведений в единый государственный реестр должников.».

5. Статью 47 изложить в следующей редакции:

«Статья 47. Временное ограничение выезда должника за пределы Республики Таджикистан

1. Исполнитель органа исполнения на основании заявления взыскателя или по собственной инициативе принимает постановление о временном ограничении выезда должника за пределы Республики Таджикистан в случае невыполнения требований следующих исполнительных документов:

1) о взыскании алиментов, взыскании компенсации ущерба, причиненного вследствие физического вреда или иного вреда здоровью, либо вреда, причиненного в связи со смертью кормильца;

2) о требовании неимущественного характера;

3) иные требования о том, чтобы сумма задолженности по исполнительному документу составляет десять и более показателей для расчетов.

2. Постановление о временном ограничении выезда должника за пределы Республики Таджикистан действует до момента его отмены по основаниям, предусмотренным частями 3 и 4 настоящей статьи.

3. Основанием для отмены постановления о временном ограничении выезда должника за пределы Республики Таджикистан являются положения, предусмотренные частью 2 статьи 50 настоящего Закона.

4. Постановление о временном ограничении выезда должника за пределы Республики Таджикистан, принятое в связи с исполнительным документом о взыскании алиментов, являющееся периодическим платежом, аннулируется в случае погашения возникшей задолженности и внесения авансового платежа на срок не менее шести месяцев.

5. Исполнитель органа исполнения, принявший постановление о временном ограничении выезда должника за пределы Республики Таджикистан, не позднее следующего дня после возникновения оснований, предусмотренных частью 2 статьи 50 настоящего Закона и частью 4 настоящей статьи, принимает постановление об отмене временного ограничения выезда должника за пределы Республики Таджикистан.

6. Обмен информацией о применении и отмене постановления о временном ограничении выезда должника за пределы Республики Таджикистан между исполнителем исполнительного органа и уполномоченным государственным органом осуществляется в порядке и сроки, установленные Правительством Республики Таджикистан. Для обмена этой информацией могут быть использованы единый государственный реестр должников и единая межведомственная электронная система.

7. Информация о должниках, в отношении которых принято постановление о временном ограничении их выезда за пределы Республики Таджикистан, будет размещена на официальном сайте Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан.

8. Копия постановления о временном ограничении на выезд должника за пределы Республики Таджикистан и его отмене исполнителем органа исполнения посылается должнику и в центральный аппарат исполнительного органа не позднее следующего дня после их принятия. Центральный аппарат органа исполнения незамедлительно, не позднее дня, следующего за днем ​​получения соответствующего постановления, направляет информацию о введении и отмене постановления о временном ограничении выезда должника за пределы Республики Таджикистан уполномоченному государственному органу по ведению базы данных, обмену информацией и контролю в системе «Управление виз и границы.».

6. Часть 1 статьи 48 изложить в следующей редакции:

«1. Ведение единого государственного реестра должников (далее – Реестр) осуществляется органом исполнения в целях упорядочения задолженности и предотвращения её нежелательных последствий, а также обеспечения требований исполнительного документа. Сведения о должнике (за исключением сведений о должниках, являющихся государственным органом, местным органом государственной власти, а также должниках, у которых согласно исполнительным документам о взыскании периодических платежей отсутствует задолженность более трех месяцев и другие требования, размер задолженности у которых составляет по исполнительному документу до десяти показателей для расчетов) вносятся в Реестр наряду с принятием постановления о возбуждении исполнительного производства.».

7. В части 2 статьи 50:

- в пункте 2) слова «другой мерой взыскания» заменить словами «другим видом наказания»;

- дополнить пунктами 3) и 4) следующего содержания:

«3) изменение судебных актов, актов государственных органов и должностных лиц, если основания для внесения в реестр утрачены;

4) возврат исполнительного документа на основании заявления взыскателя, за исключением случаев, когда взыскание производится в пользу государства;»;

- в пункте 3) слова «в случае прекращения» заменить словом «прекращении» и считать пунктом 5).

8. Часть 1 статьи 60 дополнить третьим предложением следующего содержания:

«При наложении ареста на имущество должника исполнитель органа исполнения принимает постановление.».

9. В части 1 статьи 63 слова «и расходов по исполнению» заменить словами «, взыскания исполнительного сбора и расходов по совершению исполнительных действий».

10. Часть 1 статьи 68 после слов «роспись в» дополнить словами «акте описи и».

11. В части 1 статьи 71 слова «, и недвижимого имущества – не позднее, чем за тридцать дней до проведения аукциона» заменить словами «до его проведения».

12. В статье 72:

- второе предложение части 3 после слова «государство» дополнить словом «также»;

- часть 5 изложить в следующей редакции:

«5. В аукционе движимого имущества не могут принимать участие исполнители органа исполнения и лица, участвовавшие в рассмотрении дела с данным исполнительным производством в качестве судьи, прокурора, секретаря судебного заседания, судебного эксперта, специалиста, а также члены их семьи и близкие родственники и лицо, имущество которого выставлено на аукцион.».

13. В статье 73:

- в пункте 4) части 1 знак точки заменить знаком точки с запятой «;» и дополнить пунктом 5) следующего содержания:

«5) победитель аукциона был не вправе в нём участвовать.».

- в части 3 слово и цифру «абзацем 4)» заменить словами и цифрами «пунктами 4) и 5)».

14. В статье 79:

- дополнить частью 7 следующего содержания:

«7. В аукционе недвижимого имущества не могут принимать участие исполнители органа исполнения и лица, участвовавшие в рассмотрении дела с данным исполнительным производством в качестве судьи, прокурора, секретаря судебного заседания, судебного эксперта, специалиста, а также члены их семьи и близкие родственники и лицо, имущество которого выставлено на аукцион.»;

- часть 8 после слова «пяти» дополнить словом «рабочих»;

- часть 10 исключить;

- части 7, 8 и 9 соответственно считать частями 8, 9 и 10.

15. В статье 80:

- в пункте 4 части 1 знак точки заменить знаком точки с запятой «;» и дополнить пунктом 5) следующего содержания:

«5) победитель аукциона был не вправе в нём участвовать.»;

- часть 6 после слова «взыскатель» дополнить словами «(за исключением ограничений, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан в отношении иностранных граждан и лиц без гражданства)».

- дополнить частью 10 следующего содержания:

«10. В случае признания повторного аукциона несостоявшимся и удержания имущества взыскателем, если цена недвижимого имущества превышает размеры требований исполнительного документа, взыскатель перечисляет сумму этой разницы на депозитный счет органа исполнения.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

 Президент                           Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон


г.Душанбе, от 17 декабря 2025 года №2222