ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»
бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2025,
№ 230қабул карда шудааст
бо қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2025,
№ 127ҷонибдорӣ карда шудааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 7, мод. 345; с. 2009, № 5, мод. 327; с.2010, № 1, мод. 3; с. 2011, № 12, мод. 848; с. 2013, № 3, мод. 191; с. 2015, № 11, мод. 971; с. 2016, № 7, мод. 629, № 11, мод. 884; с. 2019, № 4-5, мод. 230, № 6, мод. 324, мод. 325; с. 2021, № 6, мод. 396; с. 2023, № 11, мод. 477, № 12, мод. 576; с. 2024, № 5-6, мод. 268; с. 2025, № 3-4, мод. 250, мод. 251) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати бисту якуми қисми 2 моддаи 4, номи боби 1611, ном ва муқаддимаи қисми 1 моддаи 6329 ва моддаи 6332 пас аз калимаи «автомобилӣ» калимаҳои «ва аккумуляторҳо» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 2 моддаи 4 сархати бисту дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- пардохт барои нобудозӣ (утилизатсия)-и истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ;».
3. Дар моддаи 6329:
-дар сархати дуюми қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- аз аккумуляторҳои ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мол воридшаванда аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми барасмиятдарории гумрукии аккумуляторҳо.»;
-ба қисми 2 пас аз калимаҳои «Пардохти дар» калимаҳои «сархатҳои якум ва дуюми» илова карда шаванд.
4.Боби 1612 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 1612. ПАРДОХТ БАРОИ НОБУДСОЗӢ (УТИЛИЗАТСИЯ)-И ИСТГОҲҲОИ БАЗАВИИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ
Моддаи 6333. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ
1. Пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и истгоҳҳои базавии алоқаи мобилии (минбаъд - пардохт)-и зерин ситонида мешавад:
-истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ, ки мавриди истифодабарӣ қарор доранд;
-истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ, ки бояд насб карда шаванд.
2. Пардохти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда аз ҳар истгоҳи базавии алоқаи мобилӣ як маротиба ситонида мешавад.
Моддаи 6334. Супорандагони пардохт
Супорандагони пардохт шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки иҷозатнома барои анҷом додани фаъолият оид ба хизматрасониҳои алоқаи мобилии истифодаи умумро доранд.
Моддаи 6335. Меъёрҳои пардохт
Меъёрҳои пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 17 декабри соли 2025, № 2217
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «ОБ ИНЫХ ОБЯЗАТЕЛЬНЫХ ПЛАТЕЖАХ В БЮДЖЕТ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 3 декабря 2025 года,
№230Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 15 декабря 2025 года,
№127
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «Об иных обязательных платежах в бюджет» от 28 июля 2006 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., № 7, ст. 345; 2009 г., № 5, ст. 327; 2010 г., № 1, ст. 3; 2011 г., № 12, ст. 848; 2013 г., № 3, ст. 191; 2015 г., № 11, ст. 971; 2016 г., № 7, ст. 629, № 11, ст. 884; 2019 г., № 4-5, ст. 230, № 6, ст. 324, ст. 325; 2021 г., № 6, ст. 396, 2023 г., № 11, ст. 477, № 12, ст. 576; 2024 г., № 5-6, ст. 268; 2025 г., № 3-4, ст. 250, ст. 251) следующие изменение и дополнения:
1. Абзац двадцать первый части 2 статьи 4, название главы 1611, название и преамбулу части 1 статьи 6329 и статью 6332 после слова «средств» дополнить словами «и аккумуляторов».
2.Часть 2 статьи 4 дополнить абзацем двадцать вторым следующего содержания:
«- плата за утилизацию базовых станций мобильной связи;».
3.В статье 6329:
-в абзаце втором части 1 знак точки заменить знаком точки с запятой «;» и дополнить абзацем третьим следующего содержания:
« - с аккумуляторов, ввозимых на таможенную территорию Республики Таджикистан в качестве товара, таможенными органами Республики Таджикистан при таможенном оформлении аккумуляторов.»;
- часть 2 после слов «предусмотренная в» дополнить словами «абзацах первом и втором».
4.Дополнить главой 1612 следующего содержания:
«ГЛАВА 1612. ПЛАТА ЗА УТИЛИЗАЦИЮ БАЗОВЫХ СТАНЦИЙ МОБИЛЬНОЙ СВЯЗИ
Статья 6333. Положение о взимании платы за утилизацию базовых станций мобильной связи
1. Взимается плата за утилизацию следующих базовых станций мобильной связи (далее - плата):
- базовые станции мобильной связи, которые находятся в использовании;
- базовые станции мобильной связи, которые должны быть установлены.
2. Плата, предусмотренная в части 1 настоящей статьи, взимается с каждой базовой станции мобильной связи однократно.
Статья 6334. Плательщики платы
Плательщиками платы являются юридические лица, имеющие лицензию на осуществление деятельности по услугам мобильной связи общего пользования.
Статья 6335. Ставки платы
Ставки платы за утилизацию базовых станций мобильной связи устанавливаются Правительством Республики Таджикистан.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе, от 17 декабря 2025 года №2217