Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, № 2206 "Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2025, № 226
қабул карда шудааст

бо қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2025, № 104
ҷонибдорӣ карда шудааст


Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №7, мод. 437, мод. 438, №12, қ. 2, мод. 764, мод. 765; с. 2023, №11, мод. 457, мод. 458; с. 2024, №5-6, мод. 251; с. 2025, №3-4, мод. 248, №5, мод. 507) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 2532 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 2532. Ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ

1) Ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ, -

бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2)Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) ба миқдори калон содир шуда бошад, -

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои бо қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинишуда, агар:

а) ба миқдори махсусан калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошанд, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.».

2. Дар моддаи 2591:

- ба номи модда ва эзоҳи он пас аз калимаи «тамғаношуда» калимаҳои «ва ё бе рамзгузории электронӣ» илова карда шаванд;

- дар қисми 1 пас аз калимаҳои «тамғаношуда» ва «муҳофизатшаванда» мувофиқан калимаҳои «ё бе рамзгузории электронӣ» ва «ё бо рамзгузории электронӣ» илова карда шаванд.


Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 17 декабри соли 2025, № 2206

 


Принят постановлением МН МО РТ
от 03 декабря 2025 года, №226
Одобрен постановлением ММ МО РТ
от 15 декабря 2025 года, №104

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №9, ст. 68, ст. 69, №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001 г., №4, ст. 149, ст. 167; 2002 г., №11, ст. 675, ст. 750; 2003 г., №8, ст. 456, ст. 468; 2004 г., №5, ст. 346, №7, ст. 452, ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126, №7, ст. 399, №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 3, №6, ст. 444, ст. 447, №10, ст. 803, №12, ч. 1, ст. 986, №12, ч. 2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80, №7-8, ст. 501; 2010 г., №3, ст. 155, №7, ст. 550; 2011 г., №3, ст. 161, №7-8, ст. 605; 2012 г., №4, ст. 258, №7, ст. 694; 2013 г., №6, ст. 403, ст. 404, №11, ст. 785, №12, ст. 881; 2014 г., №3, ст. 141, №7, ч. 1, ст. 385, ст. 386; 2015 г., №3, ст. 198, ст. 199, №11, ст. 949, №12, ч. 1, ст. 1107; 2016 г., №3, ст. 127, №5, ст. 355, ст. 356, №7, ст. 608, ст. 609, №11, ст. 874, ст. 875; 2017 г., №1-2, ст. 2, ст. 3, №7-9, ст. 586; 2018 г., №1, ст. 4, ст. 5, №5, ст. 266, №7-8, ст. 522; 2019 г., №1, ст. 1, ст. 2, №6, ст. 311; 2020 г., №1, ст. 8, ст. 9, №7-9, ст. 607, ст. 623, №12, ст. 904; 2021 г., №4, ст. 196, №12, ч. 2, ст. 683; 2022 г., №7, ст. 437, ст. 438, №12, ч. 2, ст. 764, ст. 765; 2023 г., №11, ст. 457, ст. 458; 2024 г., №5-6, ст. 251; 2025 г., №3-4, ст. 248, №5, ст. 507), следующие дополнения:

1. Дополнить статьёй 2532 следующего содержания:

«Статья 2532. Незаконное использование электрической энергии для производства виртуальных активов

1) Незаконное использование электрической энергии для производства виртуальных активов, -

наказывается штрафом в размере от двухсот до пятиста показателей для расчетов или лишением свободы сроком до двух лет.

2) То же деяние, совершенное:

а) повторно;

б) группой лиц по предварительному сговору;

в) в крупном размере, -

г) наказывается штрафом в размере от пятисот до одной тысячи показателей для расчетов или лишением свободы сроком от двух до пяти лет.

3) Действия, предусмотренные частями 1) и 2) настоящей статьи, совершённые:

а) в особо крупном размере;

б) организованной группой, -

в) наказываются лишением свободы сроком от пяти до восьми лет.».

2. В статье 2591:

- название статьи и её примечание после слов «немаркированных» и «немарочных» дополнить словами «либо без электронной маркировки»;

- часть 1 после слова «немаркированных» и «защищёнными» соответственно дополнить словами «либо без электронной маркировки» и «электронной маркировкой».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент                              Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон
г.Душанбе,  от 17 декабря 2025 года, №2206