Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, № 2205 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 октябри соли 2025, № 187
қабул карда шудааст
бо қарори
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2025, № 103
ҷонибдорӣ  карда шудааст


Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №7, мод. 437, мод. 438, №12, қ. 2, мод. 764, мод. 765; с. 2023, №11, мод. 457, мод. 458; с. 2024, №5-6, мод. 251; с. 2025, №3-4, мод. 248, №5, мод. 507), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 232:

- ба қисми 2) бандҳои б) ва в) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«б) бо намоиши оммавӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет;

в) такроран;»;

- бандҳои б) ва в) мувофиқан бандҳои г) ва д) ҳисобида шаванд;

- қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

3) Кирдорҳои дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинигардида, агар боиси расонидани зарар ба миқдори махсусан калон гардида бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.».

2. Дар моддаи 2321:

- ном ва қисми 1) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«Моддаи 2321. Шикор, қасдан нобуд кардан, инчунин ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ

1) Шикор, қасдан нобуд кардан, инчунин ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё фурӯхтани бабри барфӣ ё бабри осиёимиёнагӣ,-

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору дусад то як ҳазору ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешаванд.»;

- қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3) Кирдорҳои дар қисмҳои 1) ва 2) ҳамин модда пешбинигардида, агар такроран содир шуда бошанд,-

бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.».

3. Ба эзоҳи моддаи 236 пас аз калимаҳои «сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо» калимаҳои «ва таҳти мафҳуми зарар ба миқдори махсусан калон бештар аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо» илова карда шаванд.


Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 17 декабри соли 2025, № 2205

 


Закон Республики Таджикистан

           О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС                      РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением МН МОРТ
от 08 октября 2025 года, №187
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 15 декабря 2025 года, №103

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №9, ст. 68, ст. 69, №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001 г., №4, ст. 149, ст. 167; 2002 г., №11, ст. 675, ст. 750; 2003 г., №8, ст. 456, ст. 468; 2004 г., №5, ст. 346, №7, ст. 452, ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126, №7, ст. 399, №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 3, №6, ст. 444, ст. 447, №10, ст. 803, №12, ч. 1, ст. 986, №12, ч. 2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80, №7-8, ст. 501; 2010 г., №3, ст. 155, №7, ст. 550; 2011 г., №3, ст. 161, №7-8, ст. 605; 2012 г., №4, ст. 258, №7, ст. 694; 2013 г., №6, ст. 403, ст. 404, №11, ст. 785, №12, ст. 881; 2014 г., №3, ст. 141, №7, ч. 1, ст. 385, ст. 386; 2015 г., №3, ст. 198, ст. 199, №11, ст. 949, №12, ч. 1, ст. 1107; 2016 г., №3, ст. 127, №5, ст. 355, ст. 356, №7, ст. 608, ст. 609, №11, ст. 874, ст. 875; 2017 г., №1-2, ст. 2, ст. 3, №7-9, ст. 586; 2018 г., №1, ст. 4, ст. 5, №5, ст. 266, №7-8, ст. 522; 2019 г., №1, ст. 1, ст. 2, №6, ст. 311; 2020 г., №1, ст. 8, ст. 9, №7-9, ст. 607, ст. 623, №12, ст. 904; 2021 г., №4, ст. 196, №12, ч. 2, ст. 683; 2022 г., №7, ст. 437, ст. 438, №12, ч. 2, ст. 764, ст. 765; 2023 г., №11, ст. 457, ст. 458; 2024 г., №5-6, ст. 251; 2025 г., №3-4, ст. 248, №5, ст. 507), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 232:

- часть 2) дополнить пунктами б) и в) следующего содержания:

«б) с публичным показом, в том числе с использованием средств массовой информации или сети Интернет;

в) повторно;»;

 - пункты б) и в) соответственно считать пунктами г) и д);

 - дополнить частью 3 следующего содержания:

 «3) Деяния, предусмотренные частями 1) и 2) настоящей статьи, если они причинили ущерб в особо крупном размере,-

 наказываются штрафом в размере от двух тысяч до трех тысяч показателей для расчётов с лишением права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью на срок до пяти лет либо лишением свободы на срок от четырех до семи лет с лишением права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью на срок до пяти лет.».

2. В статье 232 1:

- название и часть 1) изложить в следующей редакции:

«Статья 2321. Охота, умышленное уничтожение, в том числе незаконное приобретение, хранение, транспортировка или сбыт снежного барса или среднеазиатского барса

1) Охота, умышленное уничтожение, в том числе незаконное приобретение, хранение, транспортировка или сбыт снежного барса или среднеазиатского барса,-

наказываются штрафом в размере от одной тысячи двухсот до одной тысячи восьмисот показателей для расчетов или лишением свободы на срок до трех лет.»;

- дополнить частью 3) следующего содержания:

«3) Деяния, предусмотренные частями 1) и 2) настоящей статьи, если совершены повторно,-

наказываются штрафом в размере от двух тысяч до трех тысяч показателей для расчётов либо лишением свободы на срок от четырёх до восьми лет с лишением права занимать определенную должность или заниматься определенной деятельностью на срок до пяти лет.».

3. Примечание статьи 236 после слов «в триста раз» дополнить словами «, особо крупным размером – в пятьсот раз.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент                                  Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон


г.Душанбе,17 декабря 2025 года №2205