×

Барнома оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2025, № 655

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 ноябри соли 2025, № 655

Барнома оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Барнома оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд – Барномаи мазкур) бо мақсади суръатбахши тадбирҳо оид ба пешгирии минбаъдаи паҳншавии ин бемориҳо, паст кардани фавт аз бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин таъмини дастрасии умумӣ ба хизматрасониҳои босифати пешгирикунанда, табобат ва нигоҳубин, беҳтар намудани саломатӣ ва сифати зиндагии тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.

2. Барномаи мазкур ба афзалиятҳои асосии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Стратегияи миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд. Дар он инчунин муқаррароти Ҳадафҳои Рушди Устувор, Эъломияи сиёсии аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2021 қабулшудаи «Бартараф намудани нобаробарӣ ва ноил шудан ба рафъи БПНМ то соли 2030», инчунин стратегияҳои ҷаҳонии бахши тандурустӣ оид ба ВНМО, гепатити вирусӣ ва бемориҳои сироятҳои ҷинсиро барои давраи 2020-2030 ба назар гирифта шудаанд.

3. Барномаи мазкур бо дарназардошти вазъи кунунии эпидемиологии марбут ба вируси норасоии масунияти одам, инчунин дар асоси арзёбии маҷмуии устувории ҷавоби миллӣ ва тадбирҳои минбаъдаи дар харитаи роҳи бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор мувофиқашуда ҷиҳати ташаккули вокуниши устувор ба ВНМО то соли 2030 таҳия шудааст. Зимни таҳияи Барномаи мазкур вазъи эпидемиологии гепатити вирусӣ, таҳлили сатҳи камбизоатӣ, натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ, таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, ҷанбаҳои нобаробарии гендерӣ, зарурати фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, имкониятҳои маблағгузории берунӣ ва дохилӣ, истифодаи равишҳои нав дар рушди сармояи инсонӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо дар соҳаи тандурустӣ ба инобат гирифта шуданд. Илова бар ин, ба рафъи нобаробарӣ дар дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, инчунин ҷалби шарикон ба мониторинг ва арзёбии иҷрои тадбирҳои пешбинишуда диққати махсус дода мешавад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

4. Мақсади асосии Барномаи мазкур паст кардани беморшавӣ, паҳншавӣ, фавт ва оқибатҳои манфии вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ тавассути такмил додани системаи пешгирӣ, ташхис ва табобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Вазифаҳои асосии Барномаи мазкур иборатанд аз:

- васеъ намудани фарогирӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешгирии ВНМО дар байни гурӯҳҳои калидӣ ва осебпазири аҳолӣ, ки ба паст кардани сатҳи паҳншавӣ ва беморшавӣ нигаронида шудаанд.

- пурзӯр намудани тадбирҳо оид ба омодагӣ ба рафъи гузариши ВНМО аз модар ба кӯдак дар доираи системаи ҳифзи модару кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «26» ноября 2025 года, №655

Программа по противодействию эпидемии вируса иммунодефицита человека и парентеральных вирусных гепатитов в Республике Таджикистан на период 2026-2030 годы

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа по противодействию эпидемии вируса иммунодефицита человека и парентеральных вирусных гепатитов в Республике Таджикистан на 2026–2030 годы (далее – настоящая Программа) разработана с целью форсирования мер по дальнейшему сдерживанию распространения этих заболеваний, снижению смертности от синдрома приобретенного иммунодефицита, а также обеспечению всеобщего доступа к качественным услугам профилактики, лечения и ухода, улучшению здоровья и качества жизни всего населения Республики Таджикистан.

2. Настоящая Программа основывается на ключевых приоритетах развития Республики Таджикистан, отраженных в Национальной Стратегии развития Республики Таджикистан до 2030 года и Национальной стратегии здоровья населения Республики Таджикистан на период до 2030 года. В ней также учтены положения Целей устойчивого развития, Политической декларации, принятой Генеральной Ассамблеей ООН в 2021 году «Искоренение неравенства и становление на путь, позволяющий искоренить СПИД к 2030 году», а также глобальных стратегий сектора здравоохранения по ВИЧ, вирусным гепатитам и инфекциям, передающимся половым путем, на 2022–2030 годы.

3. Настоящая Программа разработана с учетом актуальной эпидемиологической обстановки по вирусу иммунодефицита человека, а также на основе комплексной оценки устойчивости национального ответа и дальнейших мер, изложенных в согласованной со всеми заинтересованными сторонами дорожной карте по формированию устойчивого ответа на ВИЧ до и после 2030 года. В ходе подготовки настоящей Программы были учтены эпидемиологическая ситуация по вирусным гепатитам, анализ уровня бедности, результаты научных исследований, опыт соседних стран, аспекты гендерного неравенства, потребность в создании благоприятной инвестиционной среды, возможности внешнего и внутреннего финансирования, применение новых подходов к развитию человеческого капитала и внедрение инноваций в сфере здравоохранения. Кроме того, особое внимание уделено устранению неравенства в доступе к медицинским услугам, а также привлечению партнеров для мониторинга и оценки выполнения намеченных мер.

2. ЦЕЛЬ И ЗАДАЧИ ПРОГРАММЫ

4. Основной целью настоящей Программы является снижение заболеваемости, распространености, смертности и негативных последствий вируса иммунодефицита человека и парентеральных вирусных гепатитов путем совершенствования системы профилактики, диагностики и лечения в Республике Таджикистан.

5. Основными задачами настоящей Программы являются:

- расширение охвата и внедрение инновационных методов профилактики ВИЧ среди ключевых и уязвимых групп населения, направленных на снижение уровня распространённости и заболеваемости;

- усиление мер по подготовке к элиминации передачи ВИЧ от матери к ребёнку в рамках системы охраны материнства и детства в Республике Таджикистан;

- обеспечение ранней диагностики и расширенного тестирования на ВИЧ, непрерывного доступа к антиретровирусной терапии, мониторинга лечения для достижения глобальных целей «95-95-95» к 2030 году;

...