Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз 26 ноябри соли 2025, № 651

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 ноябри соли 2025, № 651

Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд – Барнома) дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи фарҳанг тавассути зиёд намудани маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, тавсеаи инфрасохтор ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла бо роҳи таҳияи тартиби муқарраршудаи маблағгузории омехта ва истифодаи усулҳои нави идоракунии муассисаҳо тибқи талаботи иқтисоди бозорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини дастрасии ҳамаҷониба ва самараноки аҳолӣ ба хизматрасониҳои фарҳангӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва санъат, инчунин беҳдошти ҳолати иҷтимоӣ ва мақоми корманди соҳа таҳия гардидааст.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати фарҳангии худ ба таҳкими бунёди маънавии ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри афзоиши иштироки аҳолӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ, ташаккули афкори эҷодию созандаи мардум, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ тибқи заминаҳои илмии сотсиологӣ дар асоси барномаҳои тасдиқшудаи таълимӣ ва маърифатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ва амсоли инҳо тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТ

3. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мақоми фарҳанг дар ташаккули ҷаҳонбинии нав афзуда, нақши тарбиявию маърифатӣ ва иттилоотии он боз ҳам вусъат ёфта истодааст.

4. Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ асосан аз се марҳила иборат аст. Марҳилаи якум (солҳои 1991-1999) бо ҷараёни барқарорсозии муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва санъат, марҳилаи дуюм (солҳои 2000-2006) барои гузоштани қадамҳои мушаххас дар амалисозии нақшаҳои стратегии рушди фарҳанги миллӣ ва марҳилаи сеюм (аз соли 2007) ба давраи барномарезӣ ва инкишофи босуръати соҳа алоқаманд мебошанд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсию иҷтимоии фарҳанг дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ҷиҳати бунёди инфрасохтори замонавии он маблағгузории мақсадноки давлатӣ тадриҷан афзоиш ёфт.

6. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2025-ум бо дарназардошти тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ва буҷети тасдиқшуда ҳаҷми он 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил намуд.

7. Дар ҳамин давра музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг низ 21 маротиба афзоиш ёфтааст.

8. Дар зиёда аз 20 барномаи давлатии дар соҳаи фарҳангу санъат қабулгардида равандҳои мақсадноки илмию амалии ин соҳа, аз қабили мероси фарҳангӣ, драматургия, мусиқӣ, тасвирӣ, хореографӣ, фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва санъат фаро гирифташуда, дар таҳкими устувори фаъолияти соҳа дигаргунии назаррасро ба миён оварда, дар баланд гардидани маънавиёти ҷомеаи соҳибистиқлоли мо нақши бориз гузоштанд.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «26» ноября 2025 год, №651

Государственная программа развития сферы культуры и искусства в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Государственная программа развития сферы культуры и искусства в Республике Таджикистан на 2026–2030 годы (далее – Программа) разработана на основе Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года и Послания Президента Республики Таджикистан от 28 декабря 2024 года «Об основных направлениях внутренней и внешней политики республики» с целью обеспечения устойчивого развития сферы культуры посредством увеличения бюджетного и внебюджетного финансирования, расширения инфраструктуры и улучшения качества культурных услуг, в том числе путем разработки установленного порядка смешанного финансирования и применения новых методов управления учреждениями в соответствии с требованиями рыночной экономики и гражданского общества, обеспечения всестороннего и эффективного доступа населения к культурным услугам, укрепления материально-технической базы учреждений сфере культуры и искусства, а также улучшения социального положения и статуса работников сферы.

2. Правительство Республики Таджикистан в своей культурной политике уделяет внимание укреплению духовной основы общества и увеличению участия населения в культурных мероприятиях, формированию творческого и созидательного мышления народа, повышению чувства национальной гордости, обеспечению мира и стабильности в обществе, воспитанию патриотизма на основе научно-социологических оснований и утверждённых образовательных и просветительских программ, обеспечению конституционных прав и свобод граждан, а также другим аналогичным направлениям.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕЙ СИТУАЦИИ И ПРОБЛЕМЫ

3. В современных условиях глобализации возрастает роль культуры в формировании нового мировоззрения, все более усиливается её образовательная, познавательная и информационная роли.

4. Развитие национальной культуры в период независимости в основном состоит из трёх этапов. Первый этап (1991-1999 годы) связан с процессом восстановления учреждений сфере культуры и искусства, второй этап (2000-2006 годы) с осуществлением конкретных мер по реализации стратегических планов развития национальной культуры, а третий этап (с 2007 года) с периодом программирования и бурного развития сферы.

5. Правительство Республики Таджикистан глубоко понимая политическую и социальную сущность культуры, за короткий исторический период приняло ряд важных законов и постановлений, благодаря которым в стране были приняты ряд нормативных правовых актов для возрождения, охраны и развития национальной культуры, а также постепенно было увеличено целевое государственное финансирование для создания ее современной инфраструктуры.

6. Если в 2000 году из государственного бюджета на сферу культуры и спорта было выделено всего 13 миллионов сомони, то в 2025 году с учетом всех источников финансирования и утвержденного бюджета её объем составил 1 миллиард 716 миллионов сомони.

7. За этот же период заработная плата работников культуры также увеличилась в 21 раз.

8. В более 20 государственных программах, принятых в сфере культуры и искусства, включающих целевые научные и практические процессы в этой сфере, таких как культурное наследие, драматургия, музыкальное, изобразительное и хореографическое искусство, деятельность учреждений в сфере культуры и искусства, внесли существенные изменения в устойчивое укрепление деятельности сфера и сыграли значительную роль в повышении морального духа нашего независимого общества.

...