ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, хизматрасониҳои давлатиро танҳо дар доираи Феҳристи хизматрасониҳои давлатии мазкур пешниҳод намоянд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 3 ноябри соли 2025, № 597
...