ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Хуталон»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Хуталон» таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва сохтори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Хуталон» тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
3. Шумораи кормандони Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Хуталон» ба миқдори 30 воҳид (ҳамзамон 4 воҳид ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
4. Ба Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Хуталон» иҷозат дода шавад, ки 2 муовини директор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.
5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бинои заруриро барои ҷойгир намудани Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Хуталон» ҷудо намояд.
6. Маблағгузории Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Хуталон» аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 ноябри соли 2025, № 571
...