Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2025, № 551 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025-2027 оид ба амалигардонии Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 (марҳилаи дуюм)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025-2027 оид ба амалигардонии Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030
(марҳилаи дуюм)


Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025-2027 оид ба амалигардонии Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 (марҳилаи дуюм) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳо андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 551



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Плане мероприятий на 2025-2027 годы по реализации Государственной комплексной программы по подготовке кадров системы социальной защиты населения на период до 2030 года (второй этап)

В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить План мероприятий на 2025-2027 годы по реализации Государственной комплексной программы по подготовке кадров системы социальной защиты населения на период до 2030 года (второй этап) (прилагается).

2. Соответствующим министерствам, ведомствам и исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять меры по реализации настоящего Плана мероприятий и о проведенной работе ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан о ходе выполнения настоящего Плана мероприятий ежегодно до 1 марта представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 31 октября 2025 года №551
Утвержден 
постановлением Правительства 
Республики Таджикистан 
от «31» октября 2025 года, №551

 


План мероприятий на 2025-2027 годы по реализации Государственной комплексной программы подготовки кадров  системы социальной защиты населения на период до 2030 года (второй этап)

Приложение