бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2025,
№ 549 тасдиқ шудааст
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси “Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо” (ТОҶИКСТАНДАРТ) ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар шахси Мақомоти Давлатӣ оид ба саноат (МДС) “Раёсати стандартҳо ва метрология” (KOWSMD)
(минбаъд «тарафхо» номида мсшаванд),
бо майлу хоҳиши ҳар ду тараф барои мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамкорӣ дар самтҳои стандартизатсия ва менеҷменти сифат, озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии мутобиқат:
дарёфти кафолати сифати маҳсулоти саноатӣ (ба истиснои маҳсулоти хӯрокворӣ) барои воридоту содироти молу маҳсулот, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни ду кишвар;
барои пешгирии такроршавии баҳодиҳии мутобиқат дар сарҳад тибқи талаботи байналмилалӣ
Тарафҳо ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1 Доираи ҳамкорӣ
Ба роҳ мондани ҳамкориҳои техникӣ ва илмӣ, ки ба ҳамгироӣ дар соҳаи стандартизатсия, натиҷаҳои санҷиш ва баҳодиҳии мутобиқат ба манфиати тарафҳо ноил мегардад.
...