ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушди соҳаҳои мошинсозии вазнин
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушди соҳаҳои мошинсозии вазнин, ки 5 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 546
...