ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ оид ба кумаки мутақобилаи маъмурӣ дар масъалаҳои гумрукӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Созишномаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ оид ба кумаки мутақобилаи маъмурӣ дар масъалаҳои гумрукӣ маъқул дониста шавад.
2.Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо Котиботи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 545
Лоиҳа
Созишномаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ оид ба ёрии мутақобилаи маъмурӣ дар масъалаҳои гумрукӣ
Ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркия, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бар гирифта, минбаъд «Тарафҳои Аҳдкунанда» номида мешаванд;
ДАР АСОСИ уҳдадорӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ба манфиати халқҳои худ, дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва бо эҳтироми комил нисбат ба принсипҳои баробарҳуқуқии соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии ҳамаи давлатҳо;
БО ЁДОВАРИИ талоши муштараки худ ҷиҳати мусоидат ба амалисозии Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ – СТСҲИ (ECOTA - Economic Cooperation Organization Trade Agreement) ва бо эътимоди комил ба он, ки ҳамкории зичтари байни маъмуриятҳои гумрукии онҳо ба рушди тиҷорати дохилиминтақавӣ мусоидат хоҳад намуд;
БО ЭЪТИРОФИ зарурати ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои марбут ба татбиқ ва таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ;
...