ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 442
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ»
Моддаи 1. Ба қисмҳои 4, 7, 14 ва 15 моддаи 23, қисми 1 моддаи 24 ва қисмҳои 1 ва 4 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2014, №12, мод.827; с.2019, №1, мод.21) пеш аз калимаҳои «пардохт» ва «пардохта» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
...