ҚОННУИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2025,
№ 156
қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2025,
№ 61
ҷонибдорӣ карда шудааст
Моддаи 1. Ба замимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023, №1968 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 152; с. 2024, №5-6, мод. 257) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ҷадвали 1:
- сатри 57 хориҷ карда шавад;
- боби 201 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
|
«
«
|
201. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
|
|
|
|
611. Фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда, хизматрасониҳо вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии ҳифзшуда ва тасдиқи аслияти имзоҳои электронии ҳифзшуда ба марказҳои тасдиқкунанда
|
|
4
(чор)
|
2
(ду)
|
2
(ду)
|
»».
|
2. Ба ҷадвали 3 боби 171 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
|
«
«
|
171. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
|
|
|
|
491. Сертификати воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда ба марказҳои тасдиқкунанда
|
|
1
(як)
|
|
|
».
|
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2189