ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ маъқул дониста шавад.
2.Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли баимзорасонии Созишномаи мазкурро бо ҷониби Россия мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 октябри соли 2025, № 531
Лоиҳа
СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ
Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
дар асоси муқаррароти Аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила аз 25 майи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи ҳамкориҳои мутақобилаи иттифоқчигии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ба асри XXI нигаронида шудааст, аз 16 апрели соли 1999, ба рушди низоми Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва техника, маориф, тандурустӣ, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ аз 19 сентябри соли 1995, Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 16 октябри соли 2004, Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 ва Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, таҳсилот ва илми тиббӣ аз 3 марти соли 2023;
бо дарназардошти муносибатҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорие, ки ҳарду кишварро муттаҳид мекунанд,
бо талош барои рушди муносибатҳои ҳамкории зич байни кишварҳои худ,
...