ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Созишнома байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушд ва ганӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маъқул дониста шавад.
2.Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Россия сана ва маҳалли ба имзо расонидани Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 октябри соли 2025, № 530
Лоиҳаи
СОЗИШНОМА байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр
ва харитасозии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд, дар асоси принсипҳо ва ҳадафҳои Созишнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин аз 9 октябри соли 1992, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин аз 18 июни соли 1997,
...