ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Управление международными проектами» ва Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ» дар шаҳри Душанбе
Мутобиқи моддаҳои 14, 15 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Управление международными проектами» ва Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозй» дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад.
2.Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузории мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Управление международными проектами» ва Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон сана ва маҳалли имзои Созишномаи сармоягузории мазкурро мувофиқа намояд.
4.Созишномаи сармоягузории мазкур пас аз ба имзо расидан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриӣ Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 октябри соли 2025, № 529
СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ байни ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «КОРГОҲИ МОШИНСОЗӢ»,ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «УПРАВЛЕНИЕ МЕЖДУНАРОДНЫМИ ПРОЕКТАМИ» ва ҶУМҲУРИИ БОШҚИРДИСТОН
...