ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи стандартҳои давлатии таҳсилот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Стандарти давлатӣ оид ба докторантура аз рӯйи ихтисос дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешбурди фаъолияти таълимиро тибқи стандартҳои мазкур ба роҳ монад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 496
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 сентябри соли 2025, № 496
Cтандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд – Стандарти мазкур) ҳуҷҷате мебошад, ки талаботро ба барномаҳои таҳсилотӣ, соатҳои таълимӣ, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагон, муҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ, аттестатсияи хатм, ҳуҷҷатҳои таҳсилот ва масъалаҳои дигари марбут ба таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (минбаъд – Донишгоҳ) муқаррар менамояд.
...