ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Негараи Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявии марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он ва маблағгузории терроризм
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Негараи Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявии марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он ва маблағгузории терроризм маъқул дониста шавад.
2. Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо ҷониби Малайзия мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 493
ЛОИҲА
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ДЕПАРТАМЕНТИ МОНИТОРИНГИ МОЛИЯВИИ НАЗДИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА БОНКИ НЕГАРАИ МАЛАЙЗИЯ ОИД БА ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТИ КАШШОФИИ МОЛИЯВИИ МАРБУТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, ҶИНОЯТҲОИ АСОСИИ АЛОҚАМАНД БА ОН ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ
Ёддошти тафоҳуми мазкур байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Негараи Малайзия, ки ниҳоди корпоративӣ буда тибқи Санади Бонки марказии Малайзия аз соли 2009 фаъолият мекунад ва бинои асосии он дар Ҷалан Дато Онн, 50480, Куала-Лумпур ҷойгир аст, дар доираи Санади Малайзия аз соли 2001 оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва даромадҳои аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ бадастомада, чун мақоми салоҳиятдор таъин шудааст (минбаъд дар алоҳидагӣ «Тараф» ва якҷоя «Тарафҳо» номида мешаванд) баста шудааст.
Тарафҳо ният доранд, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи табодули иттилооти молиявии марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ)-и ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризмро ба имзо расонанд. Дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва бо дар назар доштани манфиатҳои мутақобил, мувофиқи қонунгузории миллии ҳар як Тараф мехоҳанд ба табодули иттилоот ва таҳлили ҳолатҳои гумонбарӣ дар қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ)-и ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм ва шахсони бо онҳо алоқаманд, ки дар ниҳоят метавонад боиси тафтишот ва таъқиби мақомоти ваколатдори давлати онҳо гардад, мусоидат намоянд.
Мутобиқи қонунгузории миллӣ дар давлатҳои худ Тарафҳо дар ин хусус ба мувофиқа расиданд:
Моддаи 1. Принсипи роҳнамо
...