Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2025, № 492 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ маъқул дониста шавад.

2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Эрон сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 492

Ёддошти тафоҳумбайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ

Муқаддима

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон (ки минбаъд дар якҷоягӣ «Тарафҳо» ва дар алоҳидагӣ «Тараф» номида мешаванд);

бо изҳори хоҳиши тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона байни давлатҳо;

бо дарназардошти он, ки чунин созишнома метавонад дар таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва дипломатии байни мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо таъсири судманд бахшад;

бо майли мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстона байни Тарафҳо тавассути бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Меморандума о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Исламской Республики Иран об отмене визовых требований для владельцев дипломатических и служебных паспортов

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1.Одобрить проект Меморандума о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Исламской Республики Иран об отмене визовых требований для владельцев дипломатических и служебных паспортов.

2. Министру иностранных дел Республики Таджикистан подписать настоящий Меморандум о взаимопонимании от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с иранской стороной дату и место подписания настоящего Меморандума о взаимопонимании.


Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 27 сентября 2025 года №492

Прилагается на тадж.яз

...