ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар бораи шартҳои будубоши Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар бораи шартҳои будубоши Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад.
2. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 486
Лоиҳа
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар бораи шартҳои будубоши Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
бо дастури амал қарор додан ва мутобиқи Шартнома дар бораи таъсиси Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд аз 9 июни соли 2009 (бо тамоми тағйиру иловаҳо) (минбаъд - Шартнома дар бораи таъсис) ва Оинномаи Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд (минбаъд - Оиннома),
бо дарназардошти он, ки Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дорои ҳуқуқи субъекти байналмилалӣ буда, бояд барои фаъолияти самаранок имконият дошта бошад,
бо мақсади таъмини шароити мусоид барои фаъолияти Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ва намояндагиҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эътирофи мақом, масуният, бартариҳо ва имтиёзҳои Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ва кормандони он,
...