ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсис додани Институти ҳифзи растаниҳо
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Дар заминаи шуъбаи ҳифзи растаниҳои Институти зироаткорӣ ва воҳидҳои кории Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Институти ҳифзи растаниҳо таъсис дода шавад.
2.Шумораи ниҳоии кормандони Институти ҳифзи растаниҳо 29 воҳиди корӣ, аз ҷумла 14 воҳид аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Институти зироаткорӣ, 8 воҳид аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон, 4 воҳид аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Суғд, 3 воҳид аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Институти хокшиносӣ ва агрохимия муқаррар карда шавад.
3.Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон:
-тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Институти ҳифзи растаниҳоро ҳал намояд;
-якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти Институти ҳифзи растаниҳоро дар соли 2025 дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъмин карда, дар солҳои минбаъда бо тартиби муқарраргардида барои ин мақсад маблағҳои заруриро дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намоянд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 500
...