Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2025, № 1078 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1.Лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маъқул дониста шавад.

2.Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Россия мувофиқа намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 октябри соли 2025, № 1078
Лоиҳа
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъд - самти фаъолияти муқарраргардида) ва дар соҳаи муҳоҷират, таъмину ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аҳамияти муҳим дода,

дар асоси хоҳиши мутақобила барои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ин соҳаҳо,

принсип ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии ба таври умум эътирофшударо ба асос гирифта,

бо дарназардошти Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 25 майи соли 1993, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004,

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О проекте Соглашения между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией о правовом статусе представительств компетентных органов по вопросам внутренних дел и миграции в Республике Таджикистан и Российской Федерации

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» постановляю:

1.Одобрить проект Соглашения между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией о правовом статусе представительств компетентных органов по вопросам внутренних дел и миграции в Республике Таджикистан и Российской Федерации.

2.Министру внутренних дел Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с российской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

Президент
Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон
г. Душанбе 8 октября 2025 года №1078
Проект

Соглашение между Республикой Таджикистан и Российской Федерации о правовом статусе представительств компетентных органов по вопросам внутренних дел и миграции в Республике Таджикистан и Российской Федерации

Республика Таджикистан и Российская Федерация, далее именуемые Сторонами,

придавая важное значение развитию международного сотрудничества в сфере противодействия транснациональной преступности, незаконному обороту наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров (далее - установленная сфера деятельности) и в сфере миграции, обеспечению защиты прав и свобод человека,

исходя из обоюдного желания укреплять двустороннее взаимодействие в этих сферах,

основываясь на общепризнанных принципах и нормах международного права,

...