ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи корхонаҳо ва муассисахои низоми Хадамоти алоқаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 52, 55, 58, 121 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» бо роҳи муттаҳидшавии Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Алоқаи махсус» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази марка» таъсис дода шавад.
2.Номи муассисаҳои зерин иваз карда шаванд:
-Муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба Муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ»;
-Муассисаи редаксияи газетаи «Ҳафтаномаи Алоқа» ба Муассисаи давлатии «Маҷаллаи Алоқа».
3.Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии иншооти алоқа» таъсис дода шавад.
4.Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳо ва корхонаҳои дар бандҳои 1, 2 ва 3 қарори мазкур зикршударо ҳал намояд.
5.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 сентябри соли 2025, № 481
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О предприятиях и учреждениях системы Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьями 52, 55, 58, 121 и 128 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.Создать Государственное унитарное предприятие «Почта Таджикистана» путем слияния Государственного унитарного предприятия «Почтаи Точик», Государственного унитарного предприятия «Алокаи махсус» и Государственного унитарного предприятия «Маркази марка».
2.Переименовать следующие учреждения:
- Государственное учреждение «Жилищно-коммунальное хозяйство» в Государственное учреждение «Центр цифрового развития и спутниковой связи»;
- Учреждение редакции газеты «Хафтаномаи Алока» в Государственное учреждение «Журнал Алока».
3.Создать Государственное унитарное предприятие «Обслуживание сооружений связи».
4.Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы учреждений и предприятий, указанных в пунктах 1, 2 и 3 настоящего постановления.
5.Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в учетные данные.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 25 сентября 2025 года №481