Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 сентябри соли 2025,
№ 480 Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои идора, назорат, танзим ва баамалбарории хизматрасонии алоқаи барқӣ, алоқаи почта, алоқаи маҳвораӣ ва иттилоотонӣ (минбаъд - алоқа ва иттилоотонӣ) таъмин менамояд.
2.Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3.Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ анҷом медиҳад.
2.ВАЗИФАҲО, ВАКОЛАТҲО ВА ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ
4.Хадамот вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
-таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-ташаккул, идоракунӣ ва пешбурди раванди фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-муайян намудани зарурату имконияти ташаккул ва ҷорӣ намудани инфрасохтори таъмини алоқа ва иттилоотонӣ;
-танзим ва пешбурди фаъолияти маркази тамос оид ба масъалаҳои сифати алоқа дар кишвар;
-тартиб додани Нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идоракунии он, ҷудо намудани рақамҳо ё диапазони рақамҳо (аз ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, хизматрасониҳои универсалии алоқа, IР суроғаҳо);
-додан, боздоштан, қатъ ва аз эътибор соқит кардани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои амалигардонии фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ;
-бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти байналмилалӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа, шарту талаботи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, риояи тартиби истифодабарии радиобасомадҳои ҷудогардида ва воситаҳои техникии истифодашаванда, тартиби истифодаи рақамҳои ҷудогардида;
-тасдиқи шартномаҳои пайвасти байнишабакавии операторони алоқаи барқӣ;
-иштирок дар кори Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ, Иттиҳоди минтақавии алоқаи барқӣ, Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта ва дигар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-гузаронидани ташхиси лоиҳаю барномаҳо оид ба бунёд ва рушди воситаҳои барномавию техникӣ, низом ва шабакаҳои иттилоотонӣ, технологияҳои иттилоотӣ аз ҷиҳати техникӣ ва додани хулосаҳо;
-гузаронидани ташхиси шабакаи алоқаи барқӣ ҷиҳати муайян намудани имконияти пайвастшавии байнишабакавӣ ва анҷом додани назорати онҳо;
-назорат ва бозрасии ҳолат ва рушди шабакаҳои алоқа, фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ, фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти алоқа, сифати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, почта ва иттилоотонӣ, пардохти саривақтии хироҷҳои муқарраршуда ба буҷети давлатӣ;
-андешидани чораҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони тартибу қоидаҳои дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ муқарраргардида;
-барои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани пешниҳодҳо дар бораи меъёрҳои тақсими басомадҳо;
гузаронидани радиомониторинг ва таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;
-тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намудани ҳамоҳангии таъиноти басомадҳо бо маъмурияти мақоми алоқаи давлатҳои хориҷӣ ва бақайдгирии таъиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;
-иштирок дар омодасозии лоиҳаҳои созишномаҳои байни Хадамот ва маъмурияти мақомоти алоқаи давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, ҳамкорӣ бо маъмурияти мақомоти алоқаи давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-ташаккул ва пешбурди махзани маълумоти таъиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронии истифодабарии шаҳрвандӣ;
-омода ва амалисозии консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои самтҳои асосии рушди шабакаҳои алоқаи барқӣ, алоқаи почта, низомҳои иттилоотӣ дар заминаи мониторинги ҳолати дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ андешидани чораҳои дахлдор барои таъмини мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар истеъмолкунандагон бо хизматрасонии алоқа ва иттилоотонӣ;
-муайян кардани талаботи техникӣ ба таҷҳизоти алоқа ва иттилоотонӣ, ки дар шабакаи алоқа ва иттилоотонӣ истифода мешаванд;
-амалигардонии танзими истифодабарӣ ва ҳифзи ҳуқуқии захираҳои радиобасомадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, тақсими (таъини) спектрҳои радиобасомадҳо, гузаронидани ташхиси мутобиқати электромагнитӣ;
-мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-назорати тарофаҳои тасдиқшуда ва мувофиқашуда бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, якҷоя бо мақомоти дахлдор нисбати рақобати бевиҷдонона андешидани чораҳои зарурӣ;
-тибқи тартиби муқарраргардида назорати риояи шарту талаботи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, бартарафкунии сигналҳои иҷозатдоданашуда ва радиохалалҳо;
-назорати риояи талаботи сохтмони шабакаҳои алоқа ва васеъкунии онҳо, новобаста аз шакли шабака;
-амалигардонии ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати идораи шабакаҳои алоқаи барқӣ ва иҷрои тадбирҳо оид ба барқароркунии онҳо дар ҳолатҳои фавқулода, инчунин таҳия ва амалисозии нақшаҳои омодагии мобилизатсионии шабакаҳои мазкур дар ҳолатҳои фавқулода;
-муқаррар кардани намунаҳо, арзиш (номинал), теъдоди нашр ва муҳлати амали аломатҳои давлатии пардохти почта, намунаҳои лифофаҳои почтавии маркадор, ташкили нашр ва паҳнкунии онҳо;
-ташкили таъини индексҳои почтавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули коллексияи давлатии аломатҳои пардохти почта;
-муқаррар кардани принсипҳои ҳисоббаробаркунӣ бо ташкилотҳои почтавии давлатҳои хориҷӣ барои интиқоли муросилоти почтавии байналмилалӣ;
-такмил додани бозори хизматрасониҳои алоқа ва иттилоотонӣ;
-танзими фаъолияти ширкатҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ;
-муқаррар кардани тартиби интиқоли сарбории шабакаҳои алоқаи барқӣ, ҳалли баҳсҳо дар доираи ваколатҳои худ;
-додани сертификати мутобиқат ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, хизматрасонии алоқаи барқӣ, воситаҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ниҳоии соҳаи алоқаи барқӣ, аз он ҷумла барномаҳои таъминотие, ки аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд;
-ба манфиати мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти шаҳрвандон ва дар ҳолатҳои фавқулода таъмини иҷрои уҳдадориҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи операторони алоқаи барқӣ гузошта шудаанд;
-амалигардонии корҳо оиди баҳисобгирӣ ва таъминоти тақсими хатти минтақавии басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, мутобиқати электромагнитӣ, дар ҳолати омодабошии доимӣ нигоҳ доштани захираҳои радиобасомадҳо, ҳамоҳангсозии онҳо ва гузаронидани назорати радиотехникӣ, радиомониторинг ва ташхис дар асоси шартнома ва нархномаи тибқи тартиби муқарраршуда бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқагардида;
-ҷудо намудани радиобасомад ва рақамгузорӣ дар соҳаи алоқа;
-ташкили комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи алоқа;
-ташкили омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон, баланд бардоштани тахассус ва малакаи онҳо;
-амалӣ намудани вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5.Хадамот мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда дорои ваколатҳои зерин мебошад:
-амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди алоқа ва иттилоотонӣ;
-таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодии хориҷии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-муайян ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯйи хизматрасониҳо дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-назорати тарофаҳои соҳаи алоқа;
-ба мақомоти дахлдор ирсол намудани пешниҳодҳо ҷиҳати баланд ва ё паст намудани тарофаҳо дар соҳаи хизматрасониҳои алоқа ва иттилоотонӣ;
-таъмин ва назорати дастрасии баробари ҳамаи истифодабарандагон ба шабакаҳои алоқаи барқӣ, почта ва хадамоти курерӣ дар асоси хизматрасонии босифат ва риояи маҳрамияти мукотибот, инчунин махфӣ нигоҳ доштани сирри иттилооти хусусӣ дар бораи истифодабарандагон;
-иштирок дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатии фелдегерӣ;
-муқаррар намудани тартиби пайвастшавии байнишабакавӣ ва назорати сифати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-идоракунии Нақшаи миллии рақамгузории алоқаи барқӣ;
-идоракунӣ ва таъминоти ташкилию техникии фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-таҳия ва амалисозии фаъолият дар соҳаи тақсимот ва истифодаи захираҳои радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-иштирок дар таҳия ва мувофиқасозии тарифҳои хизматрасонии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
-ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ оид ба масъалаҳои таълим ва бозомӯзии кормандони соҳаи алоқа;
-мусоидат барои ҷалби мутахассисони баландихтисос аз кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи алоқа, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилотию коммуникатсионӣ;
-ҳамоҳанг ва амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии ба соҳаи алоқа тааллуқдошта, таъмини самаранокии амалигардонии онҳо;
-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ.
6.Барои иҷрои ваколатҳои худ Хадамот метавонад ҳуқуқҳои зеринро амалӣ намояд:
-ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотониро пешниҳод намояд;
-мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, барои амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ҷалб намояд;
-барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда аз мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ фаъолият менамоянд ва ё истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад мебошанд, ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумоти заруриро (аз ҷумла маълумоти биллингиро) талаб ва қабул намояд;
-воситаҳои техникӣ, молу мулк ва маблағҳои дар тавозун ва суратҳисобҳои худ мавҷудбударо тибқи талаботи қонунгузорӣ истифода ва ихтиёрдорӣ намояд;
-марказҳои таҳлилӣ-техникӣ, ташхисӣ ва иқтисодиро таъсис диҳад;
-дар таъсис додан, азнавташкилдиҳӣ, барҳам додан ва хусусигардонии корхонаҳои соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ иштирок намояд ва хулоса диҳад;
-фаъолияти истифодабарандагони воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомадро бо мақсади риояи тартиби истифодабарӣ санҷиш ва бозрасӣ намояд;
-барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намудан, истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ, дастгоҳҳои баландбасомад ва дигар таҷҳизоти алоқа ба шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ, аз ҷумла барои истифодабарии озмоишӣ иҷозат диҳад, истифодабарии онҳоро, ки ба стандартҳо ва меъёрҳои техникӣ мувофиқат намекунанд, манъ намояд;
-барои истифодабарии спектри радиобасомадҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозат диҳад, иҷозати радиобасомадҳоро ҳангоми риоя накардани тартиби истифодабарии онҳо бозхонд намояд;
-таҷҳизоти дахлдорро, ки аз санҷиши давлатӣ гузаштааст, ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо, бозрасиҳо ва санҷишҳо истифода намояд;
-ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда семинару ҳамоиш ва дигар чорабиниҳоро гузаронад;
-дастурамал, қоида, шартҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои хусусияти хуқуқӣ доштаро таҳия ва тасдиқ намояд;
-фаъолияти операторони алоқаи почтаро бо мақсади риояи қоидаҳои хизматрасонии алоқаи почтавӣ ва курерӣ санҷиш ва бозрасӣ намояд;
-барои истифодаи рақамҳо ё диапазони рақамҳо (аз ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, хизматрасониҳои универсалии алоқа, IP суроғаҳо) иҷозат диҳад;
-бо тартиби муқарраргардида озмунҳо гузаронад ва шартномаҳоро барои расонидани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба имзо расонад;
-дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, таъмин кунад;
-ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, доро мебошад.
3.ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЛТИ ХАДАМОТ
7.Хадамотро сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8.Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ масъулияти шахсӣ дорад.
9.Сардор дорои се муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
10.Сардор дар доираи ваколатҳои худ:
-ба фаъолияти Хадамот роҳбарӣ мекунад;
-байни муовинони худ уҳдадориҳоро аз рӯи самтҳои фаъолият тақсим мекунад;
-ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Хадамотро ташкил менамояд ва ба онҳо роҳбарӣ мекунад;
-дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби муқарраршуда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои Хадамот имзо мекунад, бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ робита менамояд, ҳайати намояндагонро барои омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи кор дар асоси мувофиқаи тарафайн қабул ва ирсол мекунад;
-манфиатҳои Хадамотро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳимоя мекунад;
-бо тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва ҷорӣ санадҳоро дар шакли фармоиш қабул мекунад, инчунин супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои минтақавӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамот ҳатмӣ мебошанд;
-дар ҳудуди шумораи воҳидҳои муқарраршудаи кормандон ва фонди музди меҳнат, рӯйхати басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Хадамот, инчунин дар доираи маблағҳои ҷудошуда сметаи хароҷоти нигоҳдории онро тасдиқ менамояд;
-харҷномаи хароҷоти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамотро тасдиқ мекунад;
-низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Хадамот ва бо тартиби муқарраршуда низомномаҳо ва оинномаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамотро тасдиқ менамояд;
-бо тартиби муқарраргардида роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, роҳбар, муовинони роҳбар, инчунин роҳбарони бахши молиявии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамотро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад ва нисбати онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҳавасмандкунӣ ва ҷавобгарии интизомиро меандешад;
-қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи воҳидҳои сохтории Хадамотро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо муқаррар нашуда бошад;
-тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамотро аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҳавасманд менамояд;
-назорати дохилиро дар Хадамот ташкил ва таъмин менамояд;
-фаъолияти молиявию хоҷагидории Хадамотро назорат менамояд;
-дар доираи вазифа, ваколат ва ҳуқуқҳои Хадамот тадбирҳои дигарро амалӣ менамояд.
11.Дар ҳолати набудани сардор, вазифаҳои ӯро муовини якуми сардор ё бо супориши сардор яке аз муовинони ӯ иҷро мекунад.
12.Хадамот дар доираи ваколатҳои худ қоидаҳо, дастурамалҳо ва дастурҳои методиеро интишор месозад, ки иҷрои онҳо барои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамот ҳатмӣ мебошанд.
13.Хадамот дар ҳолатҳои зарурӣ бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои муштаракро таҳия ва қабул мекунад.
14.Хадамот бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатии дигар, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мемонад.
15.Барои ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳим дар Хадамот дар ҳайати сардор (раиси ҳайати мушовара), муовинони сардор (аз рӯйи мансаб) ва кормандони дигари роҳбарикунандаи Хадамот ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.
16.Ҳайати мушовараи Хадамот дар ҷаласаҳои худ, ки мунтазам гузаронида мешаванд, масъалаҳои муҳимтарини мансуб ба ваколатҳои Хадамотро баррасӣ менамояд.
17.Протоколҳо ва қарорҳои ҳайати мушовара бо фармоишҳои сардор тасдиқ мегарданд.
18.Дар ҳолатҳои ҷудогона бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷаласаҳои якҷояи ҳайати мушовара бо дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии дигар гузаронида мешаванд.
19.Барои баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Хадамот бо тартиби муқарраргардида мумкин аст мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шуроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил карда шаванд. Низомномаи онҳо аз тарафи сардор тасдиқ карда мешаванд.
4.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
20.Хадамот дорои молу мулк мебошад, ки ба он бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода шудааст.
21.Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Хадамот ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии Хадамот шомиланд, инчунин муассисаҳои Хадамот аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва фаъолияти ҳисоби хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.
22.Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, нишони худ, муҳру штампҳои дахлдор, рамзи Хадамот, бланкҳои шакли муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
23.Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Хадамот: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 57.
24.Номи пурраи Хадамот:
-бо забони давлатӣ: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-бо забони русӣ: Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан;
-бо забони англисӣ: Communications Service under the Government of the Republic of Tajikistan.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 сентябри соли 2025,
№ 480Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати рушди алоқа ва иттилоотонӣ
Раёсати назорат дар соҳаи алоқа
Раёсати танзим дар соҳаи алоқа
Раёсати ҳуқуқ
Раёсати таъмини амнияти иттилоотӣ
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
Шуъбаи молия ва муҳосибот
Шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро
Шуъбаи иқтисод ва маркетинг
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 сентябри соли 2025,
№ 480Нақшаи идоракунии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Шуъбаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистона
з 25 сентябри соли 2025,
№ 480
Номгӯйи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг»
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон»
Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии иншооти алоқа»
Муассисаи давлатии «Хадамоти давлатии фелдегерӣ»
Муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ»
Муассисаи давлатии «Маҷаллаи Алоқа»
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «25» сентября 2025 года,
№480Положение о Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан
1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1.Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Служба), являясь центральным исполнительным органом государственной власти, обеспечивающим в пределах своих полномочий реализацию государственной политики в сферах управления, контроля, регулирования и осуществления услуг телекоммуникаций, почтовой связи, спутниковой связи и информатизации (далее - связи и информатизации).
2.Служба в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.
3.Служба осуществляет другую свою деятельность во взаимодействии с другими центральными исполнительными органами государственной власти, местными исполнительными органами государственной власти, органами самоуправления поселков и дехотов, а также юридическими лицами.
2.ЗАДАЧИ, ПОЛНОМОЧИЯ И ПРАВА СЛУЖБЫ
4.Служба выполняет следующие задачи:
- обеспечение реализации государственной политики в сфере связи и информатизации;
- разработка проектов нормативных правовых актов Республики Таджикистан в сфере связи и информатизации;
- формирование, управление и продвижение процесса создания благоприятных условий для развития сферы связи и информатизации;
- определение необходимости и возможности формирования и внедрения инфраструктуры обеспечения связи и информатизации;
- регулирование и продвижение деятельности колл-центра по вопросам качества связи в стране;
- составление Национального плана нумерации Республики Таджикистан и управление им, выделение номеров или диапазона номеров (в том числе междугородных и международных кодов, универсальных услуг связи, IP адресов);
- выдача, приостановление, прекращение и аннулирование документов разрешительного характера на осуществление деятельности в отрасли связи и информатизации согласно требованиям законодательства;
- представление в установленном порядке интересов Правительства Республики Таджикистан по вопросам связи и информатизации при исполнении международной деятельности, а также координация международной деятельности физических и юридических лиц в отрасли связи и информатизации;
- обеспечение исполнения нормативных правовых актов сферы связи, условий и требований документов разрешительного характера, соблюдения правил пользования выделенными радиочастотами и используемой техники, порядка пользования выделенными номерами;
- утверждение договоров по внутрисетевому подключению операторов электрической связи;
- участие в работе Международного союза электрической связи, Регионального союза электрической связи, Всемирного почтового союза и других международных организаций отрасли связи и информатизации;
- проведение экспертизы проектов и программ по созданию и развитию программных технических средств, систем и сетей информатизации, технических сторон информационных технологий и дача заключений;
- проведение диагностики сетей электрической связи для определения возможностей внутрисетевого подключения и осуществление их контроля;
- контроль и инспектирование состояния и развития сетей связи, деятельности пунктов обслуживания, продаж оборудования и средств связи, качества услуг в отрасли электрической связи, почты и информатизации, своевременной оплаты установленных платежей в государственный бюджет;
- принятие административных мер в отношении нарушителей порядка и правил, установленных в отрасли связи и информатизации;
- подготовка предложений Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан по нормам распределения частот;
- проведение радиомониторинга и обеспечение электромагнитного соответствия радиоэлектронных средств и высокочастотных устройств;
- обеспечение в установленном порядке координации назначения частот с администрациями соответствующих органов иностранных государств и регистрация назначенных радиоэлектронным средствам и высокочастотным устройствам частот;
- участие в подготовке проектов соглашений между Службой и администрациями соответствующих органов иностранных государств по вопросам, относящимся к отрасли связи и информатизации, сотрудничество с администрациями соответствующих органов иностранных государств, региональными и международными организациями отрасли связи и информатизации;
- формирование и ведение базы данных назначения частот радиоэлектронных средств гражданского пользования;
- подготовка и реализация концепций, стратегий и основных направлений развития сетей электрической связи, почтовой связи, информационных систем на основе мониторинга среднесрочного и долгосрочного прогноза развития отрасли связи и информатизации;
- принятие в соответствии с нормативными правовыми актами в отрасли связи и информатизации необходимых мер по обеспечению центральных и местных органов государственной власти, органов местного самоуправления поселков и дехотов, а также иных потребителей услугами связи и информатизации;
- определение технической потребности в оборудовании связи и информатизации, используемой в сетях связи и информатизации;
- осуществление регулирования пользования и правовой защиты резервов радиочастот Республики Таджикистан на международном уровне, распределение (назначение) спектров радиочастот, проведение экспертизы электромагнитной совместимости;
- содействие развитию предпринимательства в сфере связи и информатизации;
- контроль утвержденных и согласованных тарифов с уполномоченными государственными органами в сфере связи и информатизации, совместно с соответствующими органами принятие необходимых мер в отношении недобросовестной конкуренции;
- контроль в установленном порядке за соблюдением условий и требований документов разрешительного характера в отрасли связи и информатизации, устранение несанкционированных сигналов и радиопомех;
- контроль за соблюдением требований строительства сетей связи и их расширения, независимо от вида сети;
- осуществление сотрудничества с другими государственными органами для управления сетями электрической связи и выполнении мер по их восстановлению в условиях чрезвычайных ситуаций, а также разработка и реализация планов мобилизационной готовности данных сетей в чрезвычайных ситуациях;
- определение образцов, стоимости (номинала), количества издания и сроков действия государственных знаков почтовой оплаты, образцов почтовых маркированных конвертов, организация их печати и распространения;
- организация назначения почтовых индексов на территории Республики Таджикистан, организация коллекции государственных знаков почтовой оплаты;
- определение принципов взаиморасчетов с почтовыми организациями иностранных государств за пересылку международных почтовых отправлений;
- усовершенствование рынка услуг связи и информатизации;
- регулирование деятельности компаний, организаций и учреждений, независимо от форм собственности по вопросам связи и информатизации;
- определение порядка распределения нагрузки сетей электрической связи, решение споров в пределах своих полномочий;
- выдача сертификатов соответствия радиоэлектронным средствам и высокочастотным устройствам, услугам электрической связи, средствам, устройствам и оконечному оборудованию отрасли электрической связи, в том числе программным обеспечениям, ввозимым из-за рубежа;
- обеспечение в интересах обороны и безопасности Республики Таджикистан, охраны правопорядка, безопасности граждан и в чрезвычайных ситуациях обязательств, возложенных согласно законодательству Республики Таджикистан на операторов электрической связи;
- осуществление работ по учету и обеспечению выделения региональной полосы частот радиоэлектронным средствам и высокочастотным устройствам, электромагнитной совместимости, поддержанию радиочастотного ресурса в состоянии постоянной готовности, их координации и проведению радиотехнического контроля, радиомониторинга и диагностики на основе договора и прейскуранта, согласованных в установленном порядке с уполномоченным государственным органом;
- выделение радиочастот и нумерации в сфере связи;
- организация комиссии по выдаче документов разрешительного характера в сфере связи;
- организация обучения и повышения квалификации работников, повышения их квалификации и навыков;
- выполнение иных задач, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.
5.Служба в соответствии с возложенными на нее задачами имеет следующие полномочия:
- реализация государственной политики в отрасли развития связи и информатизации;
- разработка проектов законов и других нормативных правовых актов отрасли связи и информатизации;
- координация внешнеэкономической деятельности физических и юридических лиц в сфере связи и информатизации;
- определение и представление на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан перечня услуг в отрасли связи и информатизации;
- контроль тарифов отрасли связи;
- направление в соответствующие органы предложений по повышению или понижению тарифов услуг отрасли связи и информатизации;
- обеспечение и контроль равного доступа всех пользователей к сетям электрической связи общего пользования, почты и курьерской службы на основе качественного обслуживания и соблюдения конфиденциальности переписки, а также неразглашения секретов частной информации о пользователях;
- участие в реализации государственной политики в сфере государственной фельдъегерской службы;
- определение порядка межсетевых соединений и контроля качества обслуживания в сфере связи и информатизации;
- управление Национальным планом нумерации электрической связи;
- управление и обеспечение организационно-технической деятельности Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан;
- разработка и реализация деятельности в области распределения и использования резервов радиочастот Республики Таджикистан;
- участие в разработке и согласовании тарифов на услуги связи и информатизации;
- сотрудничество с научными и образовательными учреждениями по вопросам обучения и переподготовки работников сферы связи;
- содействие привлечению высококвалифицированных специалистов из зарубежных стран в сфере связи, а также разработке и внедрению современных информационно-коммуникационных технологий;
- координация и реализация государственных инвестиционных проектов, относящихся к сфере связи, обеспечение эффективности их реализации;
- рассмотрение в соответствии с законодательством Республики Таджикистан в рамках своих полномочий дел об административных правонарушениях за неисполнение требований нормативных правовых актов в области связи и информатизации.
6.Для выполнения своих полномочий Служба может осуществлять следующие права:
- представлять на рассмотрение в Правительство Республики Таджикистан проекты нормативных правовых актов отрасли связи и информатизации;
- привлекать органы государственного управления, организации, предприятия и учреждения, независимо от форм собственности и подчинения, для выполнения государственной политики в отрасли связи и информатизации;
- затребовать и получать от государственных органов, физических и юридических лиц, действующих в сфере связи и информатизации или являющихся пользователями радиоэлектронных средств и высокочастотных установок, документы и другую информацию (в том числе биллинговую информацию) для выполнения возложенных на Службу связи задач;
- использовать и распоряжаться техническими средствами, имуществом и денежными средствами, имеющимися на балансе и своих расчётных счетах;
- учреждать аналитико-технические, диагностические и экономические центры;
- участвовать и давать заключение по учреждению, реорганизации, ликвидации и приватизации предприятий отрасли связи и информатизации;
- проверять и инспектировать деятельность пользователей радиоэлектронных средств и высокочастотных устройств с целью соблюдения порядка пользования;
- давать разрешение физическим и юридическим лицам на ввоз на территорию Республики Таджикистан и вывоз из неё радиоэлектронных средств, высокочастотных устройств и другого оборудования связи, в том числе для пробного использования, запрещать их использование при несоответствии стандартам и техническим нормам;
- давать разрешение на использование спектра радиочастот физическим и юридическим лицам, отзывать разрешение радиочастоты при несоблюдении порядка их пользования;
- при испытаниях, измерениях, инспектировании и проверках пользоваться соответствующим оборудованием, прошедшим государственную проверку;
- для выполнения возложенных на Службу задач проводить семинары, конференции и прочие мероприятия;
- разрабатывать и утверждать инструкции, правила, технические условия и прочие документы правового характера;
- проверять и инспектировать деятельность операторов почтовой связи с целью соблюдения правил услуг почтовой связи и курьеров;
- давать разрешение на использование номеров и диапазонов номеров (в том числе междугородных и международных кодов, универсальных услуг связи, IP адресов);
- проводить в установленном порядке тендеры и подписывать договора на поставку товаров, выполнение работ и услуг, а также на проведение научно- исследовательских работ для государственных нужд;
- в пределах своих полномочий обеспечивать защиту сведений, составляющих государственную тайну;
- обладает и другими правами, предусмотренными законодательством Республики Таджикистан.
3.ОРГАНИЗАЦИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СЛУЖБЫ
7.Службу возглавляет начальник, назначаемый и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан.
8.Начальник несет личную ответственность за выполнение возложенных на Службу задач и реализацию государственной политики в отрасли связи и информатизации.
9.Начальник имеет трех заместителей, в том числе одного первого заместителя, которые по его представлению назначаются и освобождаются от должности Правительством Республики Таджикистан.
10.Начальник в пределах своих полномочий:
- руководит деятельностью Службы;
- распределяет обязанности между своими заместителями по направлениям деятельности;
- организует и председательствует на заседаниях коллегии Службы;
- в пределах своих полномочий в установленном порядке подписывает от имени Правительства Республики Таджикистан международно-правовые акты по вопросам, отнесенным к полномочиям Службы, осуществляет связи с соответствующими органами иностранных государств и международными организациями, принимает и направляет делегации представителей для обучения и обмена опытом работы на основе взаимной договоренности;
- защищает интересы Службы в органах государственной власти;
- в установленном порядке принимает нормативные правовые акты и для решения неотложных и текущих вопросов принимает акты в форме распоряжения, а также даёт поручения исполнение которых обязательно для работников центрального аппарата, территориальных структур, предприятий, учреждений и организаций системы Службы;
- утверждает в пределах установленной численности штатных единиц и фонда оплаты труда, штатное расписание центрального аппарата Службы, а также смету расходов на его содержание в пределах выделенных средств;
- утверждает сметы расходов предприятий, учреждений и организаций системы Службы;
- утверждает положения о структурных подразделениях центрального аппарата и должностные инструкции государственных служащих Службы и в установленном порядке положения и уставы предприятий, учреждений и организаций системы Службы;
- назначает на должность и освобождает от должности руководителей структурных подразделений и других работников центрального аппарата Службы, руководителя, заместителей руководителя, а также руководителей финансового сектора предприятий, учреждений и организаций системы Службы, в установленном порядке поощряет и применяет к ним меры дисциплинарного взыскания в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
- отменяет решения структурных подразделений Службы, противоречащие законодательству Республики Таджикистан, если не установлен иной порядок их отмены;
- в установленном порядке поощряет работников Службы за счет специальных средств Службы, а также за счет других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан;
- организует и обеспечивает внутренний контроль в Службе;
- контролирует финансово-хозяйственную деятельность Службы;
- осуществляет иные меры в пределах задач, полномочий и прав Службы.
11. В случае отсутствия начальника, его обязанности исполняет первый заместитель начальника или по поручению начальника - один из его заместителей.
12.Служба в пределах своих полномочий издает правила, инструкции и методические указания, исполнение которых обязательно для центрального аппарата, предприятий, учреждений и организаций системы Службы.
13.Служба в случаях, предусмотренных законодательством, разрабатывает и принимает совместные распоряжения с министерствами, государственными комитетами и другими органами управления Республики Таджикистан.
14.Служба устанавливает сотрудничество с правоохранительными органами, другими государственными органами, юридическими лицами и гражданским обществом в рамках законодательство Республики Таджикистан.
15.Для решения наиболее важных вопросов в Службе создается коллегия в составе начальника (председатель коллегии), заместителей начальника (по должности) и других руководящих работников Службы.
16.Коллегия Службы на своих заседаниях, которые проводятся регулярно обсуждает важнейшие вопросы, относящиеся к полномочиям Службы.
17.Протоколы и решения коллегии утверждаются распоряжениями начальника.
18.В отдельных случаях для решения правовых вопросов проводятся совместные заседания коллегии с другими министерствами, государственными комитетами и органами государственного управления.
19.Для рассмотрения вопросов деятельности и представления рекомендаций в установленном порядке при Службе могут создаваться координационные и совещательные органы (советы, комиссии, рабочие группы), в том числе межведомственные. Их положения утверждаются начальником.
4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
20.Служба владеет имуществом, предоставленным ей на праве оперативного управления Правительством Республики Таджикистан.
21.Финансирование расходов на содержание центрального аппарата Службы и органов, включенных в схему управления Службы, а также учреждений Службы осуществляется за счет средств республиканского бюджета и в установленном порядке за счет специальных средств и хозрасчетной деятельности.
22.Служба является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и своим наименованием на государственном, русском и английском языках, собственную эмблему, соответствующие печати и штампы, логотип Службы, бланки установленного образца и финансируется за счет единого счета главного управления казначейства управления Министерства финансов Республики Таджикистан.
23.Местонахождение центрального аппарата Службы: 734025, г. Душанбе, проспект Рудаки, 57.
24.Полное наименование Службы:
- на государственном языке: Хадамоти алокаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон;
- на русском языке: Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан;
на английском языке: Communications Service under the Government of the Republic of Tajikistan.
Приложение 2
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «25» сентября 2025 года, №480
Структура центрального аппарата Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан
Руководство
Управление развития связи и информатизации
Управление контроля в сфере связи
Управление регулирования в сфере связи
Юридическое управление
Управление обеспечения информационной безопасности
Управление международных отношений и привлечения инвестиций
Отдел кадров и специальных работ
Отдел финансов и бухгалтерии
Отдел делопроизводства и контроля исполнения
Отдел экономики и маркетинга
Приложение 3
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «25» сентября 2025 года, №480
Схема управления Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан
Центральный аппарат
Отдел Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан в Хатлонской области
Сектор Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области
Сектор Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан в Согдийской области
Приложение 4
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «25» сентября 2025 года, №480
Перечень предприятий, учреждений и организаций системы Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан
Открытое акционерное общество «Точиктелеком»
Государственное унитарное предприятие «Центр электромагнитной совместимости и радиомониторинга»
Государственное унитарное предприятие «Почта Таджикистана»
Государственное унитарное предприятие «Обслуживание сооружений связи»
Государственное учреждение «Государственная фельдъегерская служба»
Государственное учреждение «Центр цифрового развития и спутниковой связи»
Государственное учреждение «Журнал Алока»