ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1.Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030 тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба рафти иҷрои он ҳар сол то 1 январ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3.Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030 ҳар сол то 1 феврал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
4.Назорати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030 ба зиммаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 4 сентябри соли 2025, № 1072
...