ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи гирифтан ва ба Ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан додани қитъаи замин
Мутобиқи моддаҳои 261, 29 ва 30 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзии фонди захиравии шаҳри Истаравшан майдони 1,43 гектар замини чарогоҳ гирифта, ба истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ ба Ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан барои васеъ намудани оромгоҳ дода шавад.
2. Ҷамоати деҳоти Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан қитъаи замини додашударо тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд.
3. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷатҳои кадастри давлатии замин таѓйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 августи соли 2025, № 470
...