Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2025,
№ 450 тасдиқ шудааст
Тартиби расонидани кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби расонидани кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Тартиб) мақсад, шартҳо ва механизми расонидани кумаки моддиро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, муайян менамояд.
2. Бо мақсади амалисозии Тартиби мазкур зери мафҳуми «ҳолати душвори зиндагӣ» вазъияте фаҳмида мешавад, ки ба таври воқеӣ фаъолияти муътадили зиндагии шаҳрвандро халалдор сохтааст ва ё ҳолате ба миён омадааст, ки ӯ аз он мустақилона баромада наметавонад.
3. Кумаки моддие, ки бо Тартиби мазкур муайян гаштааст, ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоате расонида мешавад, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун камбизоат эътироф гардида, ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ва дар феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоии мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд.
4. Мақсади расонидани кумаки моддӣ асосан аз инҳо иборат аст:
- мусоидат намудан ба коҳиш додани вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии иловагии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;
- муҳайё намудани шароите, ки ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагиашон имконият фароҳам меорад;
- фароҳам овардани шароит барои таҳсили хонандагон аз оилаи камбизоат;
- коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ.
5. Кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо дар назар доштани эҳтиёҷоти онҳо дар намуди сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, либос, пойафзол, аз ҷумла сару либоси расмии хонандагон, ашё ва таҷҳизоти таълимӣ, воситаҳои санитарию гигиенӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ашёи дигари зарурии аввалиндараҷа, инчунин пурра ё қисман пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ пешниҳод карда мешавад.
6. Кумаки моддӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои соҳибкорон, эҳсонкорон, шахсони дигари ҳуқуқию воқеӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, расонида мешавад.
2. МЕХАНИЗМИ РАСОНИДАНИ КУМАКИ МОДДӢ
7. Кумаки моддӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар ҳолатҳое расонида мешавад, ки онҳо ба чунин кумак бо сабабҳои зерин эҳтиёҷ доранд:
- дар натиҷаи офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, хушксолӣ, обхезӣ ва ғайра), офатҳои техногенӣ ва дуздии молу мулк ба саломатӣ ё молу мулки онҳо зарари моддӣ расонида шудааст;
- ҳангоми рух додани сӯхтор дар манзили истиқоматӣ ва биноҳои ёрирасон;
- ҳангоми бемории шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;
- ҳангоми нашъаманд будани сарвари оила ва ё тарк намудани оила аз ҷониби падар, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда;
- ҳангоми таваллуди се ва ё зиёда кӯдак;
- ҳангоми аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод шудани аъзои оила, ки муваққатан кор намекунанд;
- ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории амалкунанда муайян намудааст.
8. Шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоати дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта барои гирифтани кумаки моддӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр/ноҳия ариза бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод менамоянд:
- маълумотнома оид ба мақоми камбизоатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома оид ба ҳайати оила;
- ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ҳолатҳои душвори зиндагӣ.
9. Ариза ба комиссияи маҳаллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки бо мақсади амалисозии механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъсис дода шудааст, барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад. Ариза аз тарафи котиби комиссияи маҳаллӣ дар китоби бақайдгирии ҳуҷҷатҳо барои таъин намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад.
10. Комиссияи маҳаллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аризаи пешниҳодшударо дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи корӣ баррасӣ карда, дар сурати тасдиқ гардидани ҳолати душвори зиндагии шаҳрванд (оила)-и камбизоат қарори дахлдор қабул менамояд. Оид ба баррасии ариза протоколи ҷаласаи комиссияи маҳаллӣ тартиб дода мешавад.
11. Ба ҳар як шаҳрванд (оила)-и камбизоат, ки барои гирифтани кумаки моддӣ муроҷиат намудааст, парвандаи иҷтимоии инфиродӣ кушода шуда, дар он протоколи ҷаласаи комиссияи маҳаллӣ ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда тагдӯзӣ ва нигоҳ дошта мешаванд.
12. Дар протоколи ҷаласаи комиссияи маҳаллӣ намуд ва ҳаҷми кумаки моддӣ муайян карда мешаванд.
13. Дар ҳолати зарурӣ аз тарафи комиссияи маҳаллӣ азназаргузаронии вазъи моддию маишии аризадиҳанда (санҷиши эътимоднокӣ) дар манзили истиқоматиаш гузаронида мешавад, ки оид ба натиҷаи он санад тартиб дода шуда, ба он аъзои комиссияи маҳаллӣ имзо мегузоранд.
14. Кумаки моддӣ бо тартиби муқарраргардида ба ҳар як шаҳрванд (оила)-и камбизоат на бештар аз ду маротиба дар давоми соли тақвимӣ расонида мешавад. Кумакҳои дигар, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба оилаҳои камбизоат расонида мешаванд, бо Тартиби мазкур маҳдуд карда намешаванд.
15. Ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат барои гирифтани кумаки моддӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, аз ҷониби мақоми мазкур ё сохторҳои алоқаманди он кумаки моддӣ дар шакли доруворӣ, воситаҳои санитарию гигиенӣ ё хизматрасонии тиббӣ расонида мешавад. Расонидани кумаки тиббӣ ва таъминот бо доруворӣ ба онҳо мутобиқи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
16. Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола оид ба шумораи гирандагони кумаки моддӣ ва ҳаҷму намудҳои он ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ маълумот пешниҳод менамоянд.
17. Бо мақсади баҳисобгирии кумакҳо маълумоти пешниҳодшуда ҷамъоварӣ ва дар феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ташаккул ёфтааст, нигоҳ дошта мешавад.
18. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани муқаррароти Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 27 августа 2025 года,
№450Порядок предоставления материальной помощи малоимущим гражданам (семьям) в Республике Таджикистан
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Порядок предоставления материальной помощи малоимущим гражданам (семьям) в Республике Таджикистан (далее - Порядок) определяет цели, условия и механизм оказания материальной помощи малоимущим гражданам (семьям) в Республике Таджикистан, которые находятся в трудной жизненной ситуации.
2. В целях осуществления настоящего Порядка под термином «трудная жизненная ситуация» понимается ситуация, объективно нарушающая нормальную жизнедеятельность гражданина, или возникшая ситуация, которую он не может преодолеть самостоятельно.
3. Материальная помощь, определяемая настоящим Порядком, оказывается малоимущим гражданам (семьям), признанными в соответствии с порядком, установленным Правительством Республики Таджикистан малоимущими имеют право на получение адресной социальной помощи и зарегистрированы в реестре адресной социальной помощи уполномоченного государственного органа по оказанию адресной социальной помощи.
4. Целью оказания материальной помощи в основном составляют:
- содействие в снижении трудной жизненной ситуации и дополнительной поддержке малоимущих граждан (семей);
- создание условий, предоставляющих малоимущим гражданам (семьям) возможности для повышения их уровня жизни;
- создание условий для учёбы учащимся из малоимущих семей;
- снижение уровня бедности населения.
5. Материальная помощь малоимущим гражданам (семьям) оказывается с учетом их потребностей в виде топлива, продуктов питания, лекарственных препаратов, одежды, обуви, в том числе (форменной) одежды учащихся и учебное оборудование, санитарно-гигиенических средств, строительных материалов и других предметов первой необходимости, а также полной или частичной оплаты жилищно-коммунальных и иных видов услуг.
6. Финансовая помощь оказывается за счет внебюджетных средств, а также за счет привлечения средств предпринимателей, благотворителей, других юридических и физических лиц и иных источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
2. МЕХАНИЗМ ОКАЗАНИЯ МАТЕРИАЛЬНОЙ ПОМОЩИ
7. Материальная помощь оказывается местными органами исполнительной власти малоимущим гражданам (семьям) в тех случаях, когда они нуждаются в такой помощи по следующим причинам:
- в результате стихийных бедствий (землетрясение, засуха, наводнение и др.), техногенных катастроф и кражи имущества был нанесен материальный ущерб их здоровью или имуществу;
- при возникновении пожара в жилом помещении и подсобных помещениях;
- при болезни малоимущих граждан (семей);
- при наркозависимости главы семьи или уходе отцам из семьи, по предоставлению подтверждающего документа;
- при рождении трех и более детей;
- при освобождении от отбывания уголовного наказания временно не работающих, членов семьи;
- при других обстоятельствах, определенных в действующем законодательстве Республики Таджикистан.
8. Малоимущие граждане (семьи), находящиеся в трудной жизненной ситуации, подают в исполнительный орган государственной власти города/района заявление о получении материальной помощи с приложением следующих документов:
- справка о статусе малоимущего;
- копия паспорта;
- справка о составе семьи;
- другие документы, подтверждающие трудную жизненную ситуацию.
9. Заявление подаётся для рассмотрения в местную комиссию при местном исполнительном органе государственной власти, созданную в целях реализации механизма назначения и выплаты адресного социального пособия семьям и малоимущим гражданам. Заявление регистрируется секретарем местной комиссии в книге регистрации документов для назначения адресной социальной помощи в секторах социальной защиты населения.
10. Местная комиссия при местном исполнительном органе государственной власти рассматривает поданное заявление в срок не позднее 3 рабочих дней и в случае подтверждения факта трудного жизненного положения малоимущего гражданина (семьи) принимает соответствующее решение. О рассмотрении заявления составляется протокол заседания местной комиссии.
11. Каждому малоимущему гражданину (семье), обратившемся за материальной помощью, открывается индивидуальное социальное дело (папка), в котором подшивается и хранится протокол заседания местной комиссии и все представленные документы.
12. В протоколе заседания местной комиссии определяются вид и объем материальной помощи.
13. При необходимости местной комиссией проводится проверка (верификация) материально-бытового положения заявителя по месту его проживания, по результатам которой составляется акт, подписываемый членами местной комиссии.
14. Материальная помощь каждому малоимущему гражданину (семье) оказывается в установленном порядке не более двух раз в течение календарного года. Другие помощи, оказываемые международными организациями малоимущим семьям, не ограничиваются настоящим Порядком.
15. При обращении малоимущих граждан (семей) на получение материальной помощи в уполномоченный государственный орган по оказанию адресной социальной помощи, данным органом или его подведомственными структурами оказываются материальная помощь в виде лекарственных средств, санитарно-гигиенических средств или медицинских услуг. Оказание им медицинской помощи и обеспечение лекарственными средствами осуществляется согласно Порядку оказания медико-санитарных услуг гражданам Республики Таджикистан учреждениями государственной системы здравоохранения, утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2008 года, №600.
3. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
16. Местные исполнительные органы государственной власти ежегодно представляют в уполномоченный государственный орган по оказанию адресной социальной помощи сведения о численности получателей материальной помощи, ее объемах и видах в письменной и электронной форме.
17. Для целей учета пособий предоставленная информация будет собираться и хранится в реестре адресной социальной помощи, формированным уполномоченным государственным органом в сфере оказания адресной социальной помощи.
18. Физические и юридические лица за несоблюдение положений настоящего Порядка привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.