ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи қарори Комиссияи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қарори Комиссияи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар бораи бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2025 сарфароз гардонидани олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 19 августи соли 2025, № 435
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 августи соли 2025, № 435
Қарори Комиссияи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар бораи бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2025 сарфароз гардонидани олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд
аз 21 июли соли 2025 №1 шаҳри Душанбе
Мутобиқи банди 13 Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2023, №207 тасдиқ шудааст ва фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ» аз 17 июли соли 2023, №16 Комиссияи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қарор мекунад:
1.Бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2025 шахсони зерин сарфароз гардонида шаванд:
1) дар соҳаи илмҳои табиӣ ва риёзӣ:
- Рӯзимадзода Абдуллоҷон Рӯзимамад - муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои биологӣ;
- Қурбониён Меҳрдод Субҳонӣ - ходими пешбари илмии Шуъбаи моделсозии риёзии равандҳои динамикии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика;
2) дар соҳаи илмҳои техникӣ ва технологӣ:
- Абдураҳмонзода Носир Абдураҳмон - директори МД «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии металлургия»-и ҶСК «Ширкати алюминийи Тоҷик», номзади илмҳои техникӣ;
- Абдуҷалилзода Фарзона - сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои техникӣ;
3) дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ:
- Икроми Фазлиддин Нуриддин - дотсенти кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ;
4) дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ:
- Олимиён Сабрина Шамсулло - мудири кафедраи рӯзноманигории факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои филологӣ;
- Мирализода Эмомалӣ Бобо - дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
5) дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ:
- Музафарзода Фазлиддин - мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ;
- Саидзода Фазилатмо Сайдамир - ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ;
6) дар соҳаи илмҳои тиббӣ:
- Зарифӣ Нуралӣ Абдурақиб - ассистенти кафедраи асабшиносӣ, психотрия ва психологияи тиббии ба номи профессор.М.Ғ.Ғуломови Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, номзади илмҳои тиб;
- Раҳимзода Нарзулло Одина - дотсенти кафедраи асабшиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, ҷарроҳи асаби Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш», номзади илмҳои тиб;
7) дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ:
- Набизода Муҳаммад Набихон - муаллими калони кафедраи ҷарроҳӣ, қобилагӣ ва табобатии факултети тиббӣ-ветеринарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, номзади илмҳои кишоварзӣ.
Қарори Комиссияи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2025 тибқи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.