ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2025, № 425
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.532; с.2014, №3, мод.156, №7, қ.2, мод.422; с.2016, №3, мод.148, №7, мод.624; с.2017, №7-9, мод.581; с.2018, №5, мод.278; с.2020, №12, мод.912; с.2021, №12, қ.2, мод.706; с.2022, №7, мод.447; с.2023, №11, мод.468; с.2024, №1-2, мод.20, мод.21; №5-6, мод.263, мод.264) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- сархати сию якуми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
« - омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии томактабӣ, зинаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти калонсолон ба таълиму тарбия ва роҳбарӣ машғул мебошад;»;
- ба қисми 5 моддаи 19 ҷумлаи дуюм ба мазмуни зерин илова карда шавад:
«Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба таври ройгон таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро гирад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан «Об образовании»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан «Об образовании» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 31 июля 2025 года №425
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «ОБ ОБРАЗОВАНИИ»
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «Об образовании» от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст.532; 2014 г., №3, ст.156; №7, ч.2, ст.422; 2016 г., №3, ст.148; №7, ст.624; 2017 г., №7-9, ст. 581; 2018 г., №5, ст.278; 2020 г., №12, ст.912; 2021 г., №12, ч.2, ст.706; 2022 г., №7, ст.447; 2023 г., №11, ст.468; 2024 г., №1-2, ст.20, ст.21; №5-6, ст.263, ст.264) следующие изменение и дополнение:
- абзац тридцать первый статьи 1 изложить в следующей редакции:
« - педагог – лицо, имеющее среднее или высшее профессиональное образование, занимающееся обучением, воспитанием и руководством в дошкольных образовательных и воспитательных учреждениях, на уровнях общего образования, начального профессионального образования, среднего профессионального образования, высшего профессионального образования, послевузовского профессионального образования, дополнительного образования и образования для взрослых;».
- часть 5 статьи 19 дополнить вторым предложением следующего содержания:
«Педагог имеет право получать бесплатно второе высшее образование педагогического направления в государственных образовательных учреждениях высшего профессионального образования.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан