ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Субъектони муқовимат ба савдои одамон дар муҳлати ду моҳ нақшаи дохилиидоравии худро дар ин самт таҳия ва тасдиқ карда, ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон пешниҳод намоянд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор иҷрои саривақтии Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027-ро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда, аз рафти иҷрои он ҳар нимсола ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Хароҷоти амалигардонии лоиҳаи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар солҳои 2025-2027 дар доираи маблаѓҳои нақшавии вазорату идораҳои дахлдор амалӣ карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июли соли 2025, № 403
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
...