Қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2019, № 98 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015, №57"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 декабри соли 2019, №7991 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015, №57
“200.010.000”

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”

Қ А Р О Р         М Е К У Н А М:


1. Ба «Асосҳои таъин ва тартиби барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ», ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015, №57 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2015 таҳти №799 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гузошта шавад.


Раис Хоҷазода О. А.


ш. Душанбе аз 18 ноябри соли 2019, № 98


Замима
ба қарори Раиси
Кумитаи давлатии идораи замин
ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 ноябри соли 2019, № 98

 

Тағйиру иловаҳо ба «Асосҳои таъин ва тартиби барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ»

1.Дар банди 2:

-пас аз сархати чилум сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

“- рақами инвентарии электронӣ – рақами тартибии ҳуҷҷати бойгонӣ (парвандаи бақайдгирӣ, шиносномаи техникӣ, парвандаи заминсозӣ), дар ҳомилҳои электронӣ ба рӯйхат гирифта шуда, ки дар саҳифаи аввали ин ҳуҷҷат гузошта мешавад;”

“- арзиши бозории объекти молу мулки ғайриманқул – нархи тахминие, ки бо он объекти мазкур дар бозори кушод дар шароити мавҷудияти рақобат харида ва ё фурӯхта шуда метавонад ва дар ҳолате, ки иштирокчиёни муомилот (харидору фурӯшанда) барои хулосабарорӣ ҳамаи маълумоти дастрасбударо доранд ва ба андозаи нархи муомилот ягон ҳолати фавқулодда таъсир намерасонад, дар ҳолатҳое, ки:

на харидор ва на фурӯшанда барои харидан ва ё фурӯхтани объекти мазкур ӯҳдадории ҳатмӣ надоранд ва ба онҳо аз ягон тараф бо мақсади маҷбур кардан барои харидан ва ё фурӯхтани объекти мазкур таъсир расонида нашудааст;

нархи объект дар шакли пулӣ ифода шудааст;

иштирокчиёни муомилот аз хусусиятҳои объекти муомилотшаванда ба таври кофӣ огоҳанд ва ба манфиати худ рафтор мекунанд;

объекти нархгузоришаванда дар бозори кушод, дар шароите, ки ҳамаи хоҳишмандони муомилот иштирок намуда метавонанд, пешниҳод гардидааст;

нархи объекти муомилашаванда ҳамарзиши маблағи  пардохтшуда ба объекти нархгузорӣ буда, ба тарафҳои муомилот аз ягон ҷониб дахолат мушоҳида нагардидааст;»

“- арзиши лоиҳавӣ – арзиши объекти сохтмоние, ки дар марҳилаи лоиҳакашӣ ва сохтмон дар асоси лоиҳа бо дарназардошти хароҷотҳои пешбинишуда муайян карда шудааст. Ба арзиши лоиҳавӣ арзиши корҳои сохтмонӣ, таҷҳизотҳои технологӣ ва корҳои васлкунии онҳо дохил мешавад.”

“-арзиши кадастрӣ – арзиши объекти молу мулки ғайриманқул, ки дар натиҷаи нархгузории кадастрии давлатӣ бо усули нархгузории умумӣ, ё дар ҳолати мавҷуд набудани имконият нархи бозорӣ, ки барои объекти молу

ғайриманқули муайян дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии баҳодиҳӣ муайян карда шудааст.”

2.Дар банди 5:

- пас аз сархати шашум сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

“- барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул;

-барои тасдиқи нотариалии аҳдҳо;”.

3.Дар банди 7:

-дар сархати ҳафтум калимаҳои “барқароркунӣ ва арзиши аслии” хориҷ карда шавад.

4.Дар банди 8:

пас аз сархати панҷум сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“-маълумот дар бораи арзиши молу мулки ғайриманқул;”.

5.Банди 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“17.Ҳангоми гузаронидани корҳои барӯйхатгирии техникӣ ҳамаи сохтмонҳои худсарона сохташуда ва молу мулки ғайриманқули бесоҳиб ба рӯйхат гирифта шуда, дар китоби баҳисобгирии сохтмонҳои худсарона сохташуда тибқи Замимаи №3 Асосҳо ҳисоб ба гирифта мешавад.”

6.Дар банди 21:

-аз сархати панҷум калимаҳои “дастур, Низомнома,” ва аз сархати шашум калимаҳои “баҳогузории биноҳо, иншоотҳо” хориҷ карда шавад.

7.Дар матни “Асосҳо” калимаи “сертификати” ба калимаҳои “ҳуҷҷати тасдиқкунандаи” иваз карда шавад.

8. Дар банди 44:

- пас аз калимаи “тарҳгирӣ” калимаҳои “ва дар шиносномаи техникӣ ворид” илова карда шавад;

9.Ҷумлаи сеюми банди 46 хориҷ карда шавад.

10. Дар банди 48:

- аз сархати дуюм калимаҳои “бо қалам дар қоғази ғафс (ватман) ё” ва аз сархати панҷум калимаҳои “бо ранги сиёҳ (туш) кашидан ё бо таҷҳизотҳои чопӣ” хориҷ карда шавад.

11. Дар банди 49:

-аз сархати якум калимаи “дарозии” хориҷ карда шавад.

12.Дар банди 56:

-дар сархати дуюм калимаҳои “ҳамаи периметрии” ба калимаи “периметри” иваз карда шавад.

13. Дар банди 68:

- ҷумлаи якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“Нақшаи ошёнавӣ дар ҳомилҳои электронии ҳозиразамон тартиб дода шуда, дар қоғази нақшакашӣ чоп карда мешавад.”.

-дар ҷумлаи 4 калимаҳои “парвандаҳои бойгониҳои ташкилотҳои минтақавӣ” ба калимаи “бойгонӣ ” иваз карда шавад.

14. Дар банди 70:

- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“-ҳамаи барҷастагиҳои берунӣ ва дарунии деворҳо ва тавораҳо, ки андозаи онҳо бештар аз 3 см аст;”

15. Дар банди 84:

-дар сархати чорум рақами “0,5” ба рақами “0,2” иваз карда шавад;

16. Дар банди 90 баъд аз ҷумлаи якум ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“Барӯйхатгирии ӣории молу мулки ғайриманқул, ки ба моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дохил мешаванд, дар се сол на кам аз як маротиба, молу мулки ғайриманқули мансуби давлатӣ бошад дар 5 сол як маротиба анӣом дода мешавад.”.

17. Дар матни “Асосҳо” калимаи “соҳибмулк” ба калимаи “соҳибҳуқуқ” иваз карда шавад;

18. Аз банди 105 калимаи “сохтмонии” хориҷ карда шавад.

19. Дар банди 115:

- дар ҷумлаи сеюм пас калимаи “шудааст” калима ва рақмҳои “,ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2014, №734 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст”илова карда шаванд;

20. Банди 117 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“117.Барӯйхатгирии техникии сохтмони худсарона танҳо дар ҳолати мавҷуд будани қарори мақоми ваколатдор оид ба қитъаи замин, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барои чунин мақсад пешбинишуда, анҷом дода мешавад”.

21. Номи боби 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“15.МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ АРЗИШИ ОБЪЕКТҲОИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ”.

22. Банди 118 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“118. Дар шиносномаи техникӣ маълумот дар бораи арзишҳои бозорӣ, мувозинавӣ, кадастрӣ, лоиҳавӣ, инвентаризатсионӣ ва сметавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда дарҷ карда мешавад. Дар ҳолати набудани чунин маълумот, маълумоти мазкур тибқи тартиби муқарраргардида аз тарафи мақоми ваколатдор дар соҳаи нархгузорӣ муайян карда мешавад.

23. Банди 1191 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

“1191. Барои тайёр намудани шиносномаи техникӣ соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда (ё намояндаи ваколатдори он) ба ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:”

- ариза (дархост) барои тайёр намудани шиносномаи техникӣ (дар ҳолати гузаронидани барӯйхатгирии асосӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии ҷорӣ);

- ариза (дархост) барои гузаронидани тағйироти ҷорӣдар шиносномаи техникӣ (дар ҳолати гузаронидани тағйироти ҷорӣ);

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси ваколатдор (дар ҳолати муроҷиат намудани шахси ваколатдор);

- ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда оид ба пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

- пардохт дар бораи ҳаққи хизматрасонии ташкилоти бақайдгирии давлатӣ дар ҳаҷми на камтар аз 30 фоиз.

24. Аз сархати шашуми банди 125 калимаҳои “гум шудан” хориҷ карда шавад.

25. Ҷумлаи дуюми банди 126 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

“Бекор гардидани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда дар асоси санади судӣ боиси аз эътибор соқит гардидани шиносномаи техникӣ мегардад. ”

26. Замимаи №3 “Тартиб” дар таҳрири зерин ифода карда шавад:


т/р

Суроғаи объекти инвентарӣ

Насаб, ном, номи падари шахси худсарона сохтмони

Литери бино ва масоҳати сохтмони худсарона сохташуда

Насаб, ном ва номи падар ва имзои иҷрокунанда

1

2

3

4

5

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


27. Замимаи №12 хориҷ карда шавад.

28. Замимаи №13 мутаносибан Замимаи №12 ҳисобида шавад.



Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 11 декабря 2019 года, регистрационный номер 799-1

ГОСУДАРСТВЕННЫЙ КОМИТЕТ ПО ЗЕМЕЛЬНОМУ УПРАВЛЕНИЮ И ГЕОДЕЗИИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменение и дополнение в постановление председателя Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан от 22 июня 2015 года за №57 "200.010.000"

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

1. В "Основания назначения и порядок технической инвентаризации недвижимого имущества, а также проверки характеристик недвижимого имущества при совершении регистрационных действий", утвержденные постановлением председателя Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан от 22 июня 2015 года, №57 и зарегистрированные в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 12 ноября 2015 года за №799, внести изменение и дополнения (прилагается).

2. Настоящее постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.

3. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на директора Государственного унитарного предприятия "Регистрация недвижимого имущества"

Председатель Хочазода О. А.

г. Душанбе, от 18 ноября 2019 г., №98

*Изменение и дополнение