Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, № 1046 "Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани шаффофият, дастрасӣ ва самаранокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин рушди низоми Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам:

1.Бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ «khizmat.ehukumat.tj» (минбаъд - портали ягона) то 1 сентябри соли 2025 ҷорӣ карда шавад;

-мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои давлатиро пешниҳод менамоянд (минбаъд - хизматрасонандагон), дар мувофиқа бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи амал оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатиро барои ҳар соли тақвимӣ то 1 декабр таҳия карда, ҷиҳати муносибгардонӣ ва пешниҳоди пурраи онҳо тавассути портали ягона то соли 2030 тадбирҳо андешанд;

-хизматрасонандагон бо дарназардошти гузариш ба низоми рақамии хизматрасониҳои давлатӣ ва хизматрасониҳои минбаъдаи нигоҳдории чунин низомҳо, арзиши аслии хизматрасониҳои давлатиро тибқи тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, ҷиҳати такмили санадҳои дахлдор чораҳо андешанд.

2.Ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи анҷом додани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли коғазӣ гирифта мешаванд, марҳила ба марҳила то соли 2030 ихтисор карда шуда, ҳуҷҷатҳои электроние, ки тариқи портали ягона ташаккул меёбанд, бо ҳуҷҷати ҳомили коғазӣ, ки бо имзои дастӣ имзо шудааст, эътибори ҳуқуқии баробар доранд.

3.Агенгии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо назорату идораҳои дахлдор:

-ҷониби ташаккулдиҳандаи маълумот оид ба ҳуҷҷати электрониро барои ҳар як хизматрасонии давлатӣ муайян намояд;

-барои таъмин намудани амнияти киберии портали ягона чораҳои зарурӣ андешад;

-курсҳои омӯзиширо оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ барои кормандони хизматрасонандагон ташкил ва баргузор намоянд.

4.Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ» оператори портали ягона (минбаъд - Оператор) муайян карда шуда, бо тартиби муқарраргардида:

-фаъолияти муназзами портали ягонаро таъмин намояд;

-низоми баҳисобгирии хизматрасониҳои давлатии пешниҳодшударо тавассути портали ягона ташаккул ва пешбарӣ намояд;

...

Указ Президента Республики Таджикистан

О вопросах предоставления государственных услуг в электронном виде

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и с целью обеспечения прозрачности, доступности и эффективности предоставления государственных услуг для физических и юридических лиц, а также развития системы Электронного правительства в Республике Таджикистан, постановляю:

1.В целях обеспечения доступа к государственным услугам в Республике Таджикистан:

- внедрить до 1 сентября 2025 года единый портал государственных услуг «khizmat.ehukumat.tj» (далее - единый портал);

- центральным и местным исполнительным органам государственной власти, органам самоуправления посёлков и дехотов, а также юридическим лицам, предоставляющим государственные услуги в соответствии с законодательством Республики Таджикистан (далее - услугодатели), по согласованию с Агентством инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан разработать до 1 декабря план действий по цифровизации государственных услуг на каждый календарный год и принять меры по их оптимизации и полному предоставлению через единый портал до 2030 года;

- услугодателям с учетом перехода на цифровую систему государственных услуг и дальнейшего обслуживания таких систем, по согласованию с Правительством Республики Таджикистан пересмотреть в установленном порядке фактическую стоимость государственных услуг и принять меры по совершенствованию соответствующих актов.

2.Документы, полученные в результате оказания государственных услуг в бумажной форме, поэтапно сократить до 2030 года, а электронные документы, формируемые через единый портал,  имеют равную силу с документом на бумажном носителе,  подписанным собственноручной подписью.

3.Агентству инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами:

- определить сторону, формируемую данные об электронных документах для каждой государственной услуги;

- принять необходимые меры для обеспечения кибербезопасности единого портала;

- организовать и проводить курсы обучения по предоставлению государственных услуг в электронном виде для сотрудников услугодателей.

4.Определить оператором единого портала Открытое акционерное общество «Удостоверяющие центры, государственные услуги и разработка цифровых программ» (далее - Оператор) и в установленном порядке:

- обеспечивать бесперебойную деятельность единого портала;

- формировать и вести систему учета предоставленных государственных услуг через единый портал;

...