ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи гирифтан ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор додани қитъаҳои замин
Мутобиқи моддаҳои 261, 29, 30 ва 41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳазрати Хӯҷапӯлод», «Ҳасаниён», «Моҳипарварӣ», «Қурбониён», «Раҷабӣ», «Салим» ва «Ёзғанд»-и ноҳияи Сангвор майдони умумии 11,53 гектар, аз онҳо 0,39 гектар корами обӣ, 5,86 гектар боғи лалмӣ, 5,15 гектар чарогоҳ ва 0,13 гектар зери роҳҳо гирифта, ба истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барои ба мавзеъҳои бехавф кӯчонидан ва бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани оилаҳои муҳоҷирони иҷборӣ дар минтақаи зери хавфи раванди хатарноки экзогенӣ-геологӣ карордошта дода шавад.
2.Гирифтани қитъаҳои замин бо тартиби зерин амалӣ карда шавад:
-аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ҳазрати Хӯҷапӯлод» майдони умумии 2,69 гектар, аз онҳо 2,59 гектар чарогоҳ ва 0,10 гектар зери роҳҳо;
-аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ҳасаниён» майдони умумии 1,16 гектар, аз онҳо 0,39 гектар корами обӣ, 0,24 гектар боғи лалмӣ ва 0,53 гектар чарогоҳ;
-аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Моҳипарварӣ» майдони 1,67 гектар боғи лалмӣ;
-аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Қурбониён» майдони умумии 2,0 гектар, аз онҳо 0,05 гектар боғи лалмӣ ва 1,95 гектар замини чарогох;
-аз ҳисоби заминхои хоҷагии деҳқонии «Раҷабӣ» майдони 0,51 гектар боғи лалмӣ;
-аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Салим» майдони умумии 1,37 гектар, аз онҳо 1,29 гектар боғи лалмӣ ва 0,08 гектар чарогоҳҳо;
-аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ёзғанд» майдони умумии 2,13 гектар, аз онҳо 2,10 гектар боғи лалмӣ ва 0,03 гектар зери роҳҳо.
3.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор:
...