ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи гирифтан ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ додани қитъаҳои замин
Мутобиқи моддаҳои 261, 29, 30, 41 ва 42 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзии фонди махсуси ноҳияи Ванҷ ва заминҳои маҳалли аҳолинишин майдони умумии 2,015 гектар, аз онҳо 0,48 гектар корами обӣ, 1,426 гектар боғи обӣ ва 0,109 гектар заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон гирифта, ба истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуки бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ барои сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ дода шавад.
2.Гирифтани қитъаҳои замин бо тартиби зерин амалӣ карда шавад:
-аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзии фонди махсуси ноҳияи Ванҷ майдони умумии 1,906 гектар, аз онҳо 0,48 гектар корами обӣ ва 1,426 гектар боғи обӣ;
-аз ҳисоби заминҳои маҳалли аҳолинишин майдони 0,109 гектар заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон.
3.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ:
-то гирифтани қитъаи замин товони зарари заминистифодабарандагонро бо тартиби муқарраргардида дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд;
-бо тартиби муқарраргардида 342818 (сесаду чилу ду ҳазору ҳаштсаду ҳаждаҳ) сомонӣ маблағи талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиши кишоварзиро ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн намояд;
-бар ивази қитъаҳои заминҳои гирифташуда ба шаҳрвандон қитъаҳои замини баробарарзиш пешниҳод намояд;
-қитъаҳои замини додашударо бо тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд.
4.Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-бақайдгирии давлатии қитьаҳои замин ва ҳуқуқи истифодаи онҳоро пас аз ҷуброн намудани маблағи дар банди 3 қарори мазкур зикргардида таъмин намояд;
...