ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Ҳуҷҷатҳои стандартии озмунӣ оид ба хариди кор
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Ҳуҷҷатҳои стандартии озмунӣ оид ба хариди кор тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2.Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои харидор иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июни соли 2025, № 364
...