Фармоиши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2022, №96 "Дар бораи Тартиби иштироки нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаҳои судӣ"

Санаи амалкуни: 25.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
27 октябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1198


ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиби иштироки нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаҳои судӣ
250.030.030

Мутобиқи қисми 3 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва банди 19 Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №413 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Тартиби иштироки нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мурофиаҳои судӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Фармоиши мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шавад.

3. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Нашри фармоиши мазкур ба зиммаи саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

5. Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма мақомоти судиро оид ба қабули фармоиши мазкур ба таври дахлдор хабардор намояд.

...
Зарегистрировано Министерством юстициии 
Республики Таджикистан 27 октября 2022 года,
регистрационный номер 1197

МИНИСТЕРСТВО ЮСТИЦИИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке участия государственных нотариусов, государственных нотариальных контор Республики Таджикистан в судебных процессах
250.030.030

В соответствии с частью 3 статьи 13 Закона Республики Таджикистан «О государственном нотариате» и пунктом 19 Положения Министерства юстиции Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 сентября 2021 года,№413,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

 1. Утвердить Порядок участия государственных нотариусов, государственных нотариальных контор Республики Таджикистан в судебных процессах (прилагается).

2. Настоящее распоряжение в установленном порядке представить в управление государственного учета и регистрации нормативных правовых актов для государственной регистрации.

3.Настоящее распоряжение ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4.Опубликования настоящего распоряжения возложить на главную государственную нотариальную контору Министерства юстиции Республики Таджикистан.

5.Управлению правовой помощи, связей с общественностью и средствами массовой информации соответствующем образом уведомить судебные органы о принятии данного распоряжения.

6. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя министра Каримзода Шараф.

...