Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
26 октябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1197
Замима
ба қарори раиси Кумитаи давлатиии
дораи замин ва геодезии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 октябри соли 2022,
№73ТАРТИБИ РАҚАМГУЗОРИИ КАДАСТРӢ ДАР ҲОЛАТИ АНҶОМДИҲИИ АМАЛИЁТИ БАҚАЙДГИРӢ НИСБАТИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ (БА ИСТИСНОИ ҚИТЪАИ ЗАМИН), КИ ДАР ҲУДУДИ БЕШТАР АЗ ЯК МАҲАЛЛИ КАДАСТРӢ ҶОЙГИР АСТ
1. Тартиби рақамгузории кадастрӣ дар ҳолати анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ нисбати молу мулки ғайриманқул (ба истиснои қитъаи замин), ки дар ҳудуди бештар аз як маҳалли кадастрӣ ҷойгир аст (минбаъд-Тартиб), тартиби рақамгузории кадастриро дар ҳолати анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ нисбати молу мулки ғайриманқул (ба истиснои қитъаи замин), ки дар ҳудуди бештар аз як маҳалли кадастрӣ ҷойгир аст, ба танзим медарорад.
2. Рақами кадастрии молу мулки ғайриманқул аз рақамҳои минтақаи бақайдгирӣ, маҳалли кадастрӣ, қитъаи замин, бинои истиқоматӣ, ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмонии нотамом ва бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона иборат аст, ки онҳоро аломати нимтире «-» аз ҳам ҷудо менамояд.
3. Рақами кадастрӣ ба объектҳое, ки дар ҳудуди бештар аз як маҳалли кадастрӣ ҷойгир шудаанд, дар мавридҳои зерин гузошта мешавад:
- ташкилёбии молу мулки ғайриманқул;
- тақсимшавии молу мулки ғайриманқул;
- ҳамроҳшавии молу мулки ғайриманқул.
...