Тартиби бақайдгирӣ ва бекор намудани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, пешбурди феҳристи супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, додани шаҳодатнома ва қатъи амали он аз 28 марти соли 2022, №12-ф

Санаи амалкуни: 28.03.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
14 октябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1193
Замима
ба фармоиши раиси
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ ВА БЕКОР НАМУДАНИ БАҚАЙДГИРӢ БА СИФАТИ СУПОРАНДАИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА, ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ СУПОРАНДАГОНИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА, ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМА ВА ҚАТЪИ АМАЛИ ОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби бақайдгирӣ ва бекор намудани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, пешбурди феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, додани шаҳодатнома ва қатъи амали он (минбаъд-Тартиб) дар асоси қисми 10 моддаи 245 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекси андоз) таҳия шуда, тартиби бақайдгирӣ ва бекор намудани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, пешбурди феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, додани шаҳодатнома ва қатъи амали онро муайян менамояд.

2. Дар ҳолати ба миён омадани талаботи қисми 1 моддаи 245 Кодекси андоз бақайдгирии андозсупоранда ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда (минбаъд-ААИ) дар асоси ирсоли аризаи андозсупоранда дар шакли электронӣ тибқи шакли дар замимаи 1 Тартиби мазкур пешбинишуда тавассути системаи ҳамгироии иттилоотии андоз сурат гирифта, дар ин хусус аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупоранда шаҳодатномаи супорандаи ААИ дар шакли электронӣ тибқи шакли дар замимаи 2 Тартиби мазкур пешбинишуда пешниҳод карда мешавад.

3. Шахс санаҳои зерин ба сифати супорандаи ААИ эътироф карда мешавад:

- шахсе, ки даромади умумии ӯ дар давраи на зиёда аз 12 моҳи пурраи пайдарпайи тақвимӣ аз 1,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он даромади умумии андозсупоранда аз ҳадди бақайдгирӣ зиёд шудааст;

- фондҳои сармоягузорӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои суғуртавӣ ва қарзӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ломбардҳо, истифодабарандагони захираҳои табиӣ, таҳвилкунандагони алюминийи аввалия, истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони маҳсулоти зераксизӣ, инчунин шахсоне, ки дар асоси шартномаҳои комиссия, супориш ва шартномаҳои миёнаравии дигар бо фаъолияти миёнаравӣ машғуланд

- аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ;

...
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 14 октября 2022 года,
регистрационный номер 1193
Приложение
к распоряжению председателя Налогового комитета
при Правительстве Республики Таджикистан от
28 марта 2022 года, №12-ф

ПОРЯДОК РЕГИСТРАЦИИ И ОТМЕНЫ РЕГИСТРАЦИИ В КАЧЕСТВЕ ПЛАТЕЛЬЩИКА НАЛОГА НА ДОБАВЛЕННУЮ СТОИМОСТЬ, ВЕДЕНИЯ РЕЕСТРА ПЛАТЕЛЬЩИКИ НАЛОГА НА ДОБАВЛЕННУЮ СТОИМОСТЬ, ВЫДАЧИ СВИДЕТЕЛЬСТВА И ЕГО ПРАКТИЧЕСКОГО ПРЕКРАЩЕНИЯ

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Порядок регистрации и отмены регистрации в качестве плательщика налога на добавленную стоимость, ведения реестра плательщики налога на добавленную стоимость, выдачи свидетельства и прекращение его действия (далее - Порядок) разработан в соответствии с положениями части 10 статьи 245 Налогового кодекса Республики Таджикистан (далее-Налогового кодекс) определяет порядок регистрации и отмены регистрации в качестве плательщика налога на добавленную стоимость, ведения реестра плательщики налога на добавленную стоимость, выдачи свидетельства и прекращение его действия.

2.В случае возникновения требований части 1 статьи 245 Налогового кодекса, регистрация налогоплательщика в качестве плательщика налога на добавленную стоимость (далее-НДС) производится на основании интегрированная налоговая информационная система заявления налогоплательщика определенной форме, приведенной в приложении 1 к настоящему Порядку, об этом налоговыми органами налогоплательщику направляется свидетельство в электронном виде, определенной форме, приведенной в приложении 2 к настоящему Порядку.

3.Лицо признается плательщиком НДС со следующих дат:

-лицо, совокупный доход которого за период, не превышающий 12 полных последовательных календарных месяцев, превышает 1,0 миллион сомони - с первого числа отчетного периода, следующего за месяцем, в котором валовой доход налогоплательщика превышает регистрационный порог;

-инвестиционные фонды, профессиональные участники рынка ценных бумаг, страховые и кредитные организации, микрофинансовые организации, ломбарды, недропользователи, поставщики алюминия первичного, производители и импортеры подакцизной продукции, а также лица, осуществляющие посредническую деятельность на основании договоров комиссии, поручения и других посреднических договоров - с даты государственной регистрации;

-иностранное лицо, которое осуществляет удалённые услуги, - со дня начала деятельности на территории Республики Таджикистан;

...