АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1.Ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии 20-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Ю.А. ва машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Ш.Х. аз 21 то 25 июни соли 2025, машваратчии шуъбаи амнияти иқтисодии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Ф. ва машваратчии шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Л.Қ. аз 19 то 25 июни соли 2025 ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шаванд.
2.Пардохти хароҷоти сафари мазкур бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 23 июни соли 2025, №АП-818
...