ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
1.Собиқ бинои маъмурии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Суғд, ноҳияи Шаҳристон, деҳаи Шаҳристон, кӯчаи Каримҷон Ғайбуллоев, ба ихтиёрдории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июни соли 2025, № 50-ф
...