Тартиби гузаронидани назорати камериалӣ оид ба баргардонидани (ҷуброни) маблағи андоз аз арзиши иловашудаи марбут ба содироти мол аз 28 марти соли 2022, № 10-ф

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
7 октябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1191
Замимаи 1
ба фармоиши раиси
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 марти соли 2022, №10-ф

ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ НАЗОРАТИ КАМЕРАЛӢ ОИД БА БАРГАРДОНИДАНИ (ҶУБРОНИ) МАБЛАҒИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДАИ МАРБУТ БА СОДИРОТИ МОЛ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби гузаронидани назорати камералӣ оид ба баргардонидани (ҷуброни) маблағи андоз аз арзиши иловашудаи марбут ба содироти мол (минбаъд-Тартиб) дар асоси қисми 10 моддаи 42 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекси андоз) таҳия гардида, тартиби гузаронидани назорати камералӣ оид ба баргардонидан (ҷуброн)-и маблағи андоз аз арзиши иловашудаи марбут ба содироти молро пешбинӣ менамояд.

2. Содироти мол, ба истиснои содироти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентратҳои сарватҳои табиӣ, маъданҳои молӣ, оҳанпораи металлҳои сиёҳу ранга ва металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, сабикаҳои ченакӣ аз металлҳои қиматбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, молҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда бо меъёри сифрии андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ карда мешаванд.

3. Дар сурати дар муҳлати 90 рӯзи тақвимӣ аз санаи дар мақомоти гумрук таҳти низоми гумрукии «Содирот» ба расмият даровардани мол ё ҳангоми содироти мол тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврӣ тасдиқ нагардидани содироти мол тибқи банди 4 Тартиб таҳвили чунин мол аз рӯйи меъёри мусбати дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 ва қисмҳои 3 ва 4 моддаи 264 Кодекси андоз зикргардида бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мегардад.

4. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол инҳо мебошанд:

- эъломияи гумрукии бор (минбаъд-ЭГБ), ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст;

...
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 7 октября 2022 года,
регистрационный номер 1191
Приложение
к распоряжению председателя Налогового комитета
при Правительстве Республики Таджикистан
от 28 марта 2022 года, №10-ф

ПОРЯДОК ПРОВЕДЕНИЯ КАМЕРАЛЬНОГО КОНТРОЛЯ ПО ВОЗВРАТУ (ВОЗМЕЩЕНИЮ) СУММЫ НАЛОГА НА ДОБАВЛЕННУЮ СТОИМОСТЬ, СВЯЗАННОЙ С ЭКСПОРТОМ ТОВАРОВ

 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок проведения камерального контроля по возврату (возмещению) суммы налога на добавленную стоимость, связанной с экспортом товаров (далее - Порядок) разработан на основании части 10 статьи 42 Налогового кодекса Республики Таджикистан (далее - Налоговый кодекс), предусматривает порядок проведения камерального контроля по возврату (возмещению) суммы налога на добавленную стоимость, связанной с экспортом товаров.

2. Экспорт товаров, кроме драгоценных металлов и драгоценных камней, ювелирных изделий из драгоценных металлов и драгоценных камней, алюминия первичного, концентратов природных ресурсов, товарной руды, лома черных и цветных металлов и других металлов, производимых в Республике Таджикистан, слитков драгоценных металлов Национального банка Таджикистана, кокона, хлопка-волокна, хлопковой пряжи, хлопка-сырца, товаров, произведенных в свободных экономических зонах, облагается налогом на добавленную стоимость по нулевой ставке.

3. В случае не подтверждения вывоза товаров в течение 90 календарных дней с даты оформления товаров в таможенных органах под таможенным режимом «Экспорт» или при вывозе товаров по линиям электропередачи или с использованием процедуры неполного периодического декларирования в соответствии с пунктом 4 Порядка, поставка таких товаров облагается налогом на добавленную стоимость по положительной ставке, указанной в пунктах 1) и 2) части 1 и частей 3-4 статьи 264 настоящего Кодекса.

4. Документами, подтверждающими экспорт товаров, являются:

-грузовая таможенная декларация (далее - ГТД), оформленная в порядке, установленном таможенным законодательством Республики Таджикистан;

-договор на поставку товаров;

...