бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 майи соли 2025,
№ 252 тасдиқ шудааст
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Малдив оид ба мутақобилаи бекор кардани талаботи раводид
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Малдив, ки минбаъд дар алоҳидагӣ “Тараф” ва якҷоя “Тарафҳо” номида мешаванд,
Бо хоҳиши таҳкими муносибатҳои дустонаи ду кишвар ва мақсади содда кардани сафари шаҳрвандони худ ба ҳудуди кишварҳои якдигар,
Ба мувофиқаи зайл расиданд,
Моддаи 1
1. Шаҳрвандони Тарафҳои ин Созишнома аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан будубош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои сафари дар замима оварда шуда, ки қисми таркибии ин Созишнома ба ҳисоб меравад, ба муҳлати си (30) рӯз озод мебошанд.
2.Шаҳрвандони як Тараф, ки дорои ҳуҷҷатҳои сафари дар замимаи ин Созишнома номбар шудаанд ва нияти дар ҳудуди Тарафи дигар зиёда аз муҳлати дар ин Созишнома пешбинишуда иқомат ё кор ё таҳсил дар муассисаи таълимӣ ё ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро дар ҳудуди Тарафи дигар дошта бошанд, тибқи муқаррароти қонунгузории Тарафҳо ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 2
...