ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо маъқул дониста шавад.
2. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли ба имзо расонидани Созишномаи мазкурро бо ҷониби Сербия мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 майи соли 2025, № 251
СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия, ки минбаъд «Тарафҳои Аҳдкунанда» номида мешаванд,
бо мақсади мусоидат намудан ба рушди мутақобилан судманди муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ;
бо дарназардошти аҳаммияти ҳифзи муҳити зист ва бехатарии ҳаракат;
...