ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи гирифтан ва ба раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ додани қитъаи замин
Мутобиқи моддаҳои 261, 29, 30 ва 41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзии хоҷагии деҳқонии «Роҳатӣ», воқеъ дар ҳудуди деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ майдони умумии 1,50 гектар, аз ҷумла 0,50 гектар корами обӣ ва 1,0 гектар боғи обӣ гирифта, ба раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 320 ҷойи нишаст дода шавад.
2.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ:
- то гирифтани қитъаи замин товони зарари заминистифодабарандаро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд;
- қитъаи замини додашударо бо тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд.
3.Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва ҳуқуқи истифодаи онро пас аз ҷуброн намудани зарари заминистифодабаранда, ки дар банди 2 қарори мазкур дарҷ шудааст, таъмин намояд;
- ба ҳуҷҷатҳои кадастри давлатии замин тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 336
...