Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз 29 майи соли 2025, № 333

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2025, № 333

 

Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд – Барнома) мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ муайян менамояд.

2. Барнома дар доираи афзалиятҳои муайяннамудаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизмҳои амалишавии сиёсати давлатӣ барои рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ, ба роҳ мондани низоми ягонаи тайёр намудани кадрҳои эҷодӣ ба фаъолияти касбӣ дар соҳаи санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ, дастгирии давлатии ин намуди санъати тасвирӣ равона гардидааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТ

3. Омӯзиши санъати тасвирӣ, аз ҷумла санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар раванди таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, тақвияти истеъдод ва дарки зебоипарастӣ, баланд бардоштани завқи касбомӯзӣ, таҳаввул ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аҳаммияти муҳим дорад.

4. Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати касбу ҳунарҳои мардумӣ бештар гардид ва баҳри рушду инкишоф ва муаррифии санъати тасвирӣ якчанд барномаву консепсияҳо ба тасвиб расида, инчунин ҷиҳати омӯзонидан ва густариш бахшидани ҳунарҳои мардумӣ мактабу коллеҷҳои ҳунармандӣ таъсис дода шуданд.

5. Бо вуҷуди он ки сол аз сол заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳа таҳким дода шуда, муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир ва маводди дигари зарурии таълимӣ таъмин мегарданд, аммо то ҳол дар самти таъминот бо маводди таълимӣ ва таҷҳизоти зарурӣ камбудиҳо вуҷуд доранд.

6. Дар ин раванд бояд зикр кард, ки муассисаҳои таълимӣ аз набудани барнома ва китобҳои тахассусӣ аз фанҳои муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ низ танқисӣ мекашанд.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «29» мая 2025 года, №333

Государственная программа развития монументального искусства и скульптуры в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Государственная программа развития монументального искусства и скульптуры в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы (далее – Программа) определяет основные цели, задачи и направления государственной политики Республики Таджикистан в части развития монументального искусства и скульптуры.

2. Программа разработана в рамках приоритетов, определенных Национальной стратегией развития Республики Таджикистан на период до 2030 года и направлена на определение основных направлений, задач и механизмов реализации государственной политики по развитию монументального искусства и скульптуры, создание единой системы подготовки творческих кадров для профессиональной деятельности в области монументального искусства и скульптуры, государственную поддержку этого вида изобразительного искусства.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕЙ СИТУАЦИИ И ПРОБЛЕМ

3. Изучение изобразительного искусства, в том числе монументального искусства и скульптуры имеет важное значение в процессе обучения и воспитания подростков и молодежи, укрепления таланта и понимания красоты, повышения вкуса к профессиональной подготовке, эволюции и развития народных промыслов.

4. После обретения Государственной независимости Правительство Республики Таджикистан акцентировало все большее внимание и поддержку традиционным ремеслам и были утверждены ряд программ и концепций развития и представления изобразительного искусства, а также созданы ремесленные школы и колледжи для обучения и распространения народных ремесел.

5. Несмотря на то, что с каждым годом укрепляется материально-техническая база учреждений среднего и высшего профессионального образования, а образовательные учреждения обеспечиваются современным оборудованием, музыкальными инструментами и другими необходимыми учебными материалами, до сих пор существуют пробелы в обеспечении учебными материалами и необходимым оборудованием.

6. При этом, следует отметить, что в учебных заведениях наблюдается нехватка и отсутствие специальных программ и книг по предмету монументального искусства и скульптуры.

7. Существующие образовательные программы по изучению данного вида изобразительного искусства несовершенны и по сути они разрабатываются с использованием материалов из сети Интернет.

8. В то же время, использование информационно-коммуникационных технологий в этой сфере широко не реализовано, образовательные учреждения не оснащены согласно требованиям, монументальными и скульптурными приспособлениями и другими предметами.

...