Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 апрели соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1337
Замима
ба қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 7 апрели соли 2025
№ 54Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд,инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда
Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда (минбаъд – Тартиби мазкур) мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (минбаъд – Қонун) таҳия гардида, тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланди қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин чораҳои нисбат ба чунин кишварҳо ва ҳудудҳо татбиқшавандаро барои коҳиш додани хавфҳо муқаррар менамояд.
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд – давлатҳо ва ҳудудҳое, ки стандартҳои байналмилалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ намекунанд ё онҳоро ба таври нокифоя татбиқ мекунанд, инчунин минтақаҳои оффшорӣ;
- минтақаҳои оффшорӣ – давлатҳо ва (ё) ҳудудҳое, ки ба андозсупорандагон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозбандиро пешниҳод намуда, маълумотро доир ба амалиётҳои молиявӣ ва амалиётҳои дигари молумулкӣ ифшо ва пешниҳод намекунанд;
- субъектҳои ҳисоботдиҳанда – субъектҳое, ки дар моддаи 6 Қонун пешбинӣ шудаанд;
- департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – департаменти мониторинги молиявӣ) – воҳиди сохтории мустақил ва махсуси Бонки миллии Тоҷикистон буда, мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.
2. ТАРТИБИ ТАШАККУЛ ВА ИНТИШОРИ ФЕҲРИСТИ КИШВАРҲО ВА ҲУДУДҲОИ ДОРОИ ХАФВИ БАЛАНД
2. Феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд бо тартиби пешбининамудаи Тартиби мазкур аз ҷониби департаменти мониторинги молиявӣ таҳия ва мунтазам таҷдид карда мешавад.
3. Ба феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд давлатҳо ва ҳудудҳои зерин дохил карда мешаванд:
- давлатҳо ё ҳудудҳое, ки стандартҳои байналмилалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ намекунанд ё онҳоро ба таври нокифоя татбиқ мекунанд, ки аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) муайян ва татбиқи чораҳо нисбат ба онҳо талаб карда мешавад;
- давлатҳо ё ҳудудҳое, ки нисбат ба онҳо бо қарори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ ва маҳдуднамоӣ муқаррар гардида, иҷрои онҳо барои давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҳатмӣ мебошад;
- давлатҳо ё ҳудудҳои дорои хавфи баланд, ки аз ҷониби Шӯрои роҳбарони мақомоти кашшофии молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муайян гардида, татбиқи чораҳо нисбат ба онҳо талаб карда мешавад;
- давлатҳо ё ҳудудҳое, ки аз ҷониби Институти идоракунии Базел ҳамчун давлату ҳудудҳои дорои радабандии баландтарини (10 кишвари аввал бо холи аз ҳама баланд) қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкнуии силоҳи қатли ом муайян шудаанд;
- давлатҳо ё ҳудудҳое, ки дорои шохиси баландтарини (10 кишвари аввал бо холи аз ҳама баланд) фаъолияти террористӣ ва хатари террористӣ мутобиқи Шохиси ҷаҳонии терроризм мебошанд;
- минтақаҳои оффшорие, ки мутобиқи замима ба Тартиби мазкур муқаррар гардидаанд;
- давлатҳо ва ҳудудҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳамчун давлату ҳудудҳои дорои хавфи баланд муайян шудаанд.
4. Феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли электронӣ ҷойгир карда мешавад. Сохтор ва шакли феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд аз ҷониби департаменти мониторинги молиявӣ муайян карда мешавад.
5. Департаменти мониторинги молиявӣ мониторинги мунтазами сомонаҳои расмии созмонҳои байналмилалии дар банди 3 Тартиби мазкур пешбинишударо амалӣ намуда, дар сурати таҷдид гардидани рӯйхатҳои кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланди аз ҷониби онҳо таҳияшаванда, дар давоми ду рӯзи корӣ тағйиру иловаҳои дахлдорро ба феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ворид менамояд.
6. Дар давоми рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд департаменти мониторинги молиявӣ феҳристи таҷдидшударо дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир намуда, ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда ва мақомоти назоратӣ дар бобати ҷойгир намудани он бо дар назар доштани тағйиру иловаҳо ба феҳрист ва ворид/хориҷ шудани давлат ё ҳудуд аз он тариқи шабакаҳои алоқаи электронӣ хабарнома ирсол менамояд.
7. Дар ҳолати хориҷ гардидани кишвар ё ҳудуд аз феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, нисбат ба чунин кишвар ва ҳудуд татбиқи чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ ё дигар чораҳои дар Тартиби мазкур пешбинишуда қатъ мегардад.
3. ЧОРАҲОИ НИСБАТ БА КИШВАРҲО ВА ҲУДУДҲОИ ДОРОИ ХАВФИ БАЛАНД ТАТБИҚШАВАНДА
8. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва (ё) анҷом додани амалиёт (аҳдҳо) бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд мебошанд, чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштариро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун татбиқ менамоянд.
9. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштариро мувофиқ ба хавф ва бо дар назар доштани тавсияҳои департаменти мониторинги молиявӣ ва мақомоти назоратӣ татбиқ менамоянд.
10. Чораҳои нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд татбиқшаванда бо дар назар доштани манфиатҳои миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
11. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда ва мақомоти назоратӣ дар доираи салоҳияти худ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд чораҳои зеринро татбиқ менамоянд:
- чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва (ё) анҷом додани амалиёт (аҳдҳо) бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд;
- ба департаменти мониторинги молиявӣ хабар додан оид ба амалиёт (аҳд) бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ба қайд гирифта шудаанд ё амал мекунанд ё оид ба анҷом додани амалиёт бо онҳо, новобаста ба маблағи амалиёт (аҳд)-и анҷомдода;
- даст кашидан аз ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё анҷом додани амалиёт (аҳд) бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд;
- даст кашидан ё қатъ намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ё муносибатҳои дигари ба онҳо монанд бо шахси ҳуқуқие, ки дар кишвар ва ҳудуди дорои хавфи баланд ба қайд гирифта шудааст;
- татбиқи чораҳои санҷиш (назорат)-и қатъӣ ва (ё) пурзӯр намудани талаботи аудити берунӣ нисбат ба филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқие, ки дар кишвар ва ҳудуди дорои хавфи баланд ба қайд гирифта шудааст;
- рад намудани пешниҳоди иҷозатнома ба ҷамъиятҳои фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқие, ки дар кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ба қайд гирифта шудаанд;
- рад намудани иҷозатномадиҳӣ ба шахси ҳуқуқие, ки муассиси он шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дар кишвар ё ҳудуди дорои хавфи баланд бақайдгирифташуда мебошад;
- манъ намудани таъсиси филиал ё намояндагиҳо дар кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда.
12. Чораҳои пешбининамудаи банди 11 Тартиби мазкур танҳо нисбат ба кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланди алоҳида, ки номгӯйи онҳоро департаменти мониторинги молиявӣ дар асоси изҳороти расмии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) ва созмонҳои дигари байналмилалии дар банди 3 Тартиби мазкур пешбинишуда муайян ва дар сомона ҷойгир мекунад, татбиқ мегарданд.
13. Мақомоти назоратӣ чораҳои дар банди 11 Тартиби мазкур пешбинишударо нисбат ба кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамоянд.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
14. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замима
ба Тартиби ташаккул ваинтишори феҳристи кишварҳова ҳудудҳои дорои хавфи баланд,инчунин чораҳои нисбат баонҳо татбиқшаванда
РӮЙХАТИ МИНТАҚАҲОИ ОФФШОРӢ
1.Ангила (ҷазира)
2.Шоҳигарии Андорра
3.Ҷазираҳои Антил (Шоҳигарии Нидерланд)
4.Ҷазираи Антигуа
5.Аруба (ҷазира дар Баҳри Кариб)
6.Давлати Мустақили Самоа (Самоаи Ғарбӣ)
7.Иттиҳоди ҷазираҳои Багам
8.Ҷазираи Барбуда
9.Шоҳигарии Белгия
10. Белиз
11. Ҷазираҳои Бермуд
12. Ҷазираҳои Виргинияи Британия
13. Ҷумҳурии Гватемала
14. Гренада
15. Иттиҳоди Доминика
16. Ҷазираҳои Теркс ва Кайкос (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
17. Ҷумҳурии Либерия
18. Шоҳигарии Лихтенштейн
19. Ҷазираҳои Кайман (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
20. Ҷумҳурии Коста-Рика
21. Ҷазираҳои Маршал
22. Ҷазираи Мен (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
23. Шоҳигарии Монако
24. Монтсеррат (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
25. Ҷумҳурии Науру
26. Ниуэ (ҳудуди тобеи Зеландияи Нав)
27. Гибралтар (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
28. Ҷумҳурии Сан-Марино
29. Федератсияи Сент-Китс ва Невис
30. Сент-Люсия
31. Сент-Винсент ва Гренадинҳо
32. Ҷумҳурии Вануату
33. Ҷумҳурии Шарқии Уругвай
34. Ҷазираҳои Кук (Зеландияи Нав)
35. Шоҳигарии Баҳрайн
36. Ҷумҳурии Барбадос
37. Давлати Бруней-Доруссалом
38. Кюрасао (Шоҳигарии Нидерланд)
39. Гернси (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
40. Гонконг (воҳиди маъмурии махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин)
41. Макао (воҳиди маъмурии махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин)
42. Ҷумҳурии Ирландия
43. Ҷазираи Ҷерси (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
44. Ҷумҳурии Лубнон
45. Ҳертсогии Бузурги Люксембург
46. Лабуан (Ҳудуди федеролие, ки ба ҳайати Федератсияи Малай (Малайзия) дохил мешавад)
47. Ҷумҳурии Малта
48. Ҷумҳурии Маврикий
49. Зеландияи Нав
50. Ҷумҳурии Панама
51. Филиппин (Ҷумҳурии Филиппин)
52. Вилояти Мухтори Мадейра (Португалия)
53. Ҷазираҳои Сейшел
54. Ҷумҳурии Сингапур
55. Сент-Мартен
56. Амороти Муттаҳидаи Араб
Зарегистрировано Министерством
юстиции Республики Таджикистан
от 18 апреля 2025 года,
регистрационный номер 1337
Приложение к постановлению Правления
Национального банка Таджикистана
от 7 апреля 2025 года, №54 Порядок формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском, а также применяемых к ним мер
Порядок формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском, а также применяемых к ним мер (далее — настоящий Порядок) разработан в соответствии с частью 3 статьи 14 Закона Республики Таджикистан «О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения» (далее – Закон), и устанавливает процедуры формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, а также применяемые в отношении таких стран и территорий меры по снижению рисков.
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:
- страны и территории с повышенным риском – государства и территории, которые не применяют или применяют в недостаточной степени международные стандарты в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, а также оффшорные зоны;
- оффшорные зоны – государства и (или) территории, которые предоставляют налогоплательщикам (иностранным физическим и юридическим лицам) льготный режим налогообложения, не раскрывают и представляют сведения о финансовых и других имущественных операциях;
- подотчётные субъекты – субъекты, предусмотренные статьёй 6 Закона;
- департамент финансового мониторинга при Национальном Банке Таджикистана (далее – департамент финансового мониторинга) – независимое и специализированное структурное подразделение Национального банка Таджикистана, цель, задача и полномочий которого в сфере противодействия легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путём, финансирования терроризма и финансирования распространения оружия массового поражения определяется Законом и другими нормативными правовыми актами.
2. ПОРЯДОК ФОРМИРОВАНИЯ И ОПУБЛИКОВАНИЯ ПЕРЕЧНЯ СТРАН И ТЕРРИТОРИЙ С ПОВЫШЕННЫМ РИСКОМ
2. Перечень стран и территорий с повышенным риском формируется и обновляется департаментом финансового мониторинга в порядке, предусмотренным настоящим Порядком.
3. В перечень стран и территорий с повышенным риском подлежат включению следующие страны и территории:
- государства или территории, не выполняющие или недостаточно выполняющие международные стандарты по противодействию легализации доходов, полученных преступным
- путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, определённые Группой разработки финансовых мер борьбы с отмыванием денег (ФАТФ) и в отношении которых призывает принять меры;
- государства или территории, в отношении которых решением Совета Безопасности Организации Объединённых Наций введены ограничительные меры или меры воздействия, исполнения которых обязательны для государств-членов Организации Объединённых Наций;
- государства или территории с повышенным риском, определённые Советом руководителей подразделений финансовой разведки государств-участников Содружества Независимых Государств и в отношении которых призывает принять меры;
- государства или территории, определённые Базельским институтом управления как обладающие наивысшим рейтингом (первые 10 стран с наивысшим баллом) легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения;
- государства или территории с индексом наибольшей террористической активности и террористической угрозы (первые 10 стран с наивысшим баллом) согласно Глобальному индексу терроризма;
- оффшорные зоны, предусмотренные в приложении к настоящему Порядку;
- государства и территории, определённые как высокорискованные по результатам проведения оценки рисков легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения.
4. Перечень стран и территорий с повышенным риском размещается на официальном сайте Национального банка Таджикистана в электронном формате. Структура и формат перечня стран и территорий с повышенным риском определяются департаментом финансового мониторинга.
5. Департамент финансового мониторинга осуществляет регулярный мониторинг официальных сайтов международных организаций, указанных в пункте 3 настоящего Порядка, и в случае наличия обновлений в формируемые ими списках стран и территорий с повышенным риском, в течение двух рабочих дней вносит соответствующие изменения и дополнений в Перечень стран и территорий с повышенным риском.
6. В течение рабочего дня с момента внесения изменений и дополнений в Перечень стран и территорий с повышенным риском, департамент финансового мониторинга размещает на официальном сайте Национального банка Таджикистана обновленный перечень, и направляет уведомление подотчётным субъектам и надзорным органам об опубликовании перечня с учётом внесении изменений и дополнений в Перечень и включении/исключении из неё страны или территории по электронным каналам связи.
7. При исключении страны или территории из перечня стран и территорий с повышенным риском, в отношении такой страны или территории прекращается применение усиленных мер надлежащей проверки клиента, или иных мер, предусмотренных в настоящем Порядке.
3. МЕРЫ, ПРИМЕНЯЕМЫЕ В ОТНОШЕНИИ СТРАН И ТЕРРИТОРИЙ С ПОВЫШЕННЫМ РИСКОМ
8. Подотчётные субъекты применяют усиленные меры надлежащей проверки клиента при установлении деловых отношений и (или) осуществлении операций (сделок) с физическими или юридическими лицами из стран и территорий с повышенным риском в порядке, предусмотренное Законом.
9. Подотчётные субъекты применяют усиленные меры надлежащей проверки клиента, соразмерные рискам, и с учётом рекомендаций департамента финансового мониторинга и надзорных органов.
10. Меры, применяемые в отношении физических и юридических лиц из стран и территорий с повышенным риском, определяются с учётом национальных интересов и международных обязательств Республики Таджикистан.
11. Подотчётные субъекты и надзорные органы, в пределах своих компетенций, применяют в отношении физических и юридических лиц из стран и территорий с повышенным риском следующие меры:
- применение усиленных мер надлежащей проверки клиента при установлении деловых отношений или проведении операций (сделок) с физическими или юридическими лицами из стран и территорий с повышенным риском;
- представление в департамент финансового мониторинга сообщений об операциях (сделках) с физическими или юридическими лицами, зарегистрированные или действующие в странах и территориях с повышенным риском, или осуществляющие операции с ними независимо от суммы совершенной операции (сделки);
- отказ в установлении деловых отношений или проведении операций (сделок) с физическими или юридическими лицами из стран и территорий с повышенным риском;
- отказ в установлении или прекращение корреспондентских банковских, или других подобных отношений с юридическим лицом, зарегистрированным в стране и территории с повышенным риском;
- применение усиленной проверки (надзора) и (или) ужесточение требований внешнего аудита в отношении филиалов и представительств юридического лица, зарегистрированного в стране и территории с повышенным риском;
- отказ в лицензировании дочерних обществ, филиалов или представительств юридических лиц, зарегистрированных в странах и территориях с повышенным риском;
- отказ в лицензировании юридического лица, где в качестве учредителя выступает физическое или юридическое лицо, зарегистрированное в стране и территории с повышенным риском;
- запрет подотчётным субъектам создавать филиалы или представительства в стране и территории с повышенным риском.
12. Меры, предусмотренные в пункте 11 настоящего Порядка, применяются только в отношении отдельных стран и территорий с повышенным риском, перечень которых определяется департаментом финансового мониторинга, на основе публичных заявлений Группой разработки финансовых мер борьбы с отмыванием денег (ФАТФ), и иных международных организаций, указанных в пункте 3 настоящего Порядка, и размещается на сайте.
13. Надзорные органы применяют в отношении стран и территорий с повышенным риском меры, предусмотренные в пункте 11 настоящего Порядка по согласованию с Министерством иностранных дел Республики Таджикистан.
4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
14. Физические и юридические лица за нарушение требований настоящего Порядка привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
Приложение
к Порядку формирования и
опубликования перечня стран и
территорий с повышенным риском,
а также применяемых к ним мер
СПИСОК ОФФШОРНЫХ ЗОН
1.Ангилья
2.Княжество Андорры
3.Антильские острова (Королевство Нидерландов)
4.Остров Антигуа
5.Аруба (остров в Карибском море)
6.Независимое Государство Самоа (Западная Самоа)
7.Содружество Багамских островов
8.Остров Барбуда
9.Королевство Бельгия
10.Белиз
11.Бермудские острова
12.Британские Виргинские острова
13.Республика Гватемала
14.Гренада
15.Содружество Доминики
16.Острова Теркс и Кайкос (территория Великобритании)
17.Республика Либерия
18.Княжество Лихтенштейн
19.Каймановы острова (зависимая территория Великобритании)
20.Республика Коста-Рика
21.Маршалловы острова
22.Остров Мен (зависимая территория Великобритании)
23.Княжество Монако
24.Монтсеррат (зависимая территория Великобритании)
Республика Науру
25.Ниуэ (зависимая территория Новой Зеландии)
26.Гибралтар (зависимая территория Великобритании)
27.Республика Сан-Марино
28.Федерация Сент-Китс и Невис
29.Сент-Люсия
30.Сент-Винсент и Гренадины
31.Республика Вануату
32.Восточная Республика Уругвай
33.Острова Кука (Новая Зеландия)
34.Королевство Бахрейн
35.Республика Барбадос
36.Государство Бруней-Даруссалам
37.Кюрасао (Королевство Нидерландов)
38.Гернси (зависимая территория Великобритании)
39.Гонконг (специальный административный район Китайской Народной Республики)
40.Макао (специальный административный район Китайской Народной Республики)
41.Республика Ирландия
42.Остров Джерси (зависимая территория Великобритании)
43.Ливанская Республика
44.Великое Герцогство Люксембург
45.Лабуан (Федеральная территория, входящая в состав Малайской Федерации(Малайзии))
46.Республика Мальта
47.Республика Маврикий
48.Новая Зеландия
49.Республика Панама
50.Республика Филиппины
51.Автономный регион Мадейра (Португалия)
52.Сейшельские Острова
53.Республика Сингапур
54.Сент-Мартен
55.Объединенные Арабские Эмираты