Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, № 311

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2025, № 311

Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Тартиби мазкур) асосҳои ҳуқуқию иқтисодии ташаккул ва истифодаи маблағҳои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақоми идоракунии онро муайян менамояд.

2. Мақоми идоракунии Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шурои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Бо мақсади ташаккул додани Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби алоҳида кушода шуда, хароҷоти маблағҳо аз он тибқи Тартиби мазкур дар асоси қарорҳои Шурои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. САРЧАШМАҲОИ ТАШАККУЛИ ФОНДИ РОҲ

4. Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Фонди роҳ) аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташаккул меёбад:

1) аз буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин, аз ҷумла:

- пардохтҳо оид ба додани иҷозатномаҳо ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт;

- пардохтҳо оид ба додани рухсатномаи махсус ҷиҳати ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва вазнин бо нақлиёти автомобилӣ;

- маблағҳои ҷарима барои ҳуқувайронкуниҳои роҳу нақлиётие, ки мутобиқи моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъин мегарданд;

- маблағи роҳхатҳо, варақаҳои рухсатномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии дуҷониба ва транзитии боркашонӣ;

- на зиёда 50 дарсади маблағи хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) маблағҳо аз низоми толлингӣ (ба истиснои низоми толлингие, ки то мавриди амал қарор гирифтани Тартиби мазкур ҷорӣ гардиданд);

3) маблағҳои мақсадноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ;

4) маблағҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

5) сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

5. Ҳиссаҷудокунии маблағҳои дар зербанди 1) банди 4 Тартиби мазкур пешбинигардида, ки мустақиман ба буҷети давлатӣ ворид мегарданд, ҳамасола бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ ба танзим дароварда мешавад.

3. САМТҲОИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ РОҲ

6. Ҳама маблағи ба Фонди роҳ воридгардида барои маблағгузорӣ намудани корҳои лоиҳасозӣ, сохтмон, тармим ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, фаъолияти системаи Низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) ва ҷамъоварии маълумоти дахлдор аз ҷониби Маркази рақамикунонии Вазорати нақлиёт равона карда мешаванд.

7. Маблағҳои Фонди роҳ таъиноти мақсаднок доранд ва набояд гирифта шаванд ё барои эҳтиёҷоти дигар сарф карда шаванд, ба истиснои ҳолатҳои махсус бо фармоиши Ҳукукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8. Маблағҳои Фонди роҳ, ки дар соли ҷорӣ истифода нашудаанд таъиноти мақсадноки худро нигоҳ дошта, дар солҳои минбаъда гирифта намешаванд ва ба таври қатъӣ мувофиқи таъиноти худ истифода бурда мешаванд.

9. Хароҷоти маблағҳои Фонди роҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ анҷом дода мешавад.

4. ИДОРАКУНИИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ РОҲ

10. Маблағҳои Фонди роҳ аз ҷониби Шурои Фонди роҳ (минбаъд - Шуро) идора ва ихтиёрдорӣ карда мешаванд.

11. Сметаи даромад ва хароҷоти маблағи Фонди роҳ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дурнамои воридоти маблағҳо барои соли молиявии навбатӣ ва зарурати хароҷот намудани онҳо аз рӯйи самтҳое, ки Тартиби мазкур муқаррар намудааст, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Шуро пешниҳод мегардад.

12. Дурнамои даромад ва хароҷоти маблағҳои Фонди роҳ барои давраи миёнамуҳлат аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Шуро пешниҳод мегардад.

13. Пешбурди баҳисобгирии муҳосибии Фонди роҳро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

5. ШУРОИ ФОНДИ РОҲ

14. Шуро дар ҳайати 11 (ёздаҳ) аъзо таъсис дода мешавад.

15. Шуро шахси ҳуқуқӣ намебошад ва бланку муҳри расмӣ надорад.

16. Ваколатҳои Шуро:

- тасдиқи дурнамои миёнамуҳлати даромад ва хароҷоти маблағҳои Фонди роҳ;

- баррасӣ ва тасдиқи сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои Фонди роҳ барои соли молиявии дахлдор, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;

- андешидани чораҳо оид ба амалӣ гардидани назорат оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои Фонди роҳ;

- баррасии ҳисоботи котиботи Шуро доир ба ҷамъбасти иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти Фонди роҳ;

- баррасии ҳисоботи аудиторӣ ва санади санҷишии мақомоти назорати давлатии молиявӣ оид ба истифодаи маблағҳои Фонди роҳ;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба масъалаҳое, ки ба идоракунии Фонди роҳ дахл доранд;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

17. Шуро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар мавод ва иттилооти барои иҷрои ваколати Шуро заруриро дархост намояд;

- барои иштирок дар кори Шуро намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро даъват намояд;

- барои амалӣ намудани ваколати Шуро гуруҳ ва комиссияҳои кории байниидоравӣ таъсис диҳад ё коршиносони мустақилро ҷалб намояд.

18. Уҳдадориҳои Шуро:

- ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии фаъолият оид ба маблағгузории хароҷот барои корҳои лоиҳасозӣ, сохтмон, тармим ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқи нақшаи кори ҳарсолаи Шуро;

- пешниҳоди ҳисобот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Шуро дар самти маблағгузории хароҷот барои корҳои лоиҳасозӣ, сохтмон, тармим ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

19. Ба ҳайати Шуро раис ва муовини раис, инчунин аъзои Шуро, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ба ҳайати Шуро шомиланд, дохил мегарданд.

20. Раиси Шуро:

- ба фаъолияти Шуро роҳбарӣ менамояд;

- фаъолияти Шуроро ҳамоҳанг месозад;

- ҷаласаҳои Шуроро даъват мекунад ва мегузаронад;

- ба протоколҳои ҷаласаҳои Шуро ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ имзо мегузорад;

- ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шуро ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар доир ба масъалаҳои ба фаъолияти онҳо мансуббуда дархост ирсол менамояд;

- ваколатҳои дигари ба фаъолияти Шуро алоқамандро амалӣ менамояд.

21. Ҳангоми набудани раиси Шуро, иҷрои уҳдадориҳои ӯ ба зиммаи муовини раиси Шуро вогузор мегардад.

22. Аъзои Шуро:

- дар ҷаласаҳои Шуро иштирок менамоянд;

- барои ворид намудан ба нақшаи корӣ ва рӯзномаи ҷаласаи Шуро таклиф манзур менамоянд;

- дар доираи қарорҳои Шуро дар бораи чораҳои марбут ба самти фаъолият анҷомдодаи вазорату идора ё ташкилоте, ки дар Шуро онро намояндагӣ мекунанд, ҳисобот пешниҳод менамоянд;

- бо дархости раиси Шуро иттилооти заруриро пешниҳод менамоянд.

23. Шуро фаъолияти худро дар шакли ҷаласа пеш мебарад, ки он дар як сол на камтар аз чор маротиба гузаронида мешавад.

24. Дар мавриди зарурат метавонанд ҷаласаҳои ғайринавбатии Шуро доир гардад. Ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯро метавонанд дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо ташаббуси раиси Шӯро, инчунин муовини раиси Шӯро гузаронда шаванд.

25. Ҷаласаҳои Шуро ҳангоми зарурат дар мувофиқа бо аъзои Шуро метавонанд тариқи маҷозӣ доир гарданд.

26. Рӯзномаи ҷаласа ва маводи дар он баррасишаванда на дертар аз се рӯзи корӣ то оғози ҷаласаи Шуро ба аъзои Шуро дастрас карда мешаванд.

27. Ҷаласаҳои Шуро дар ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешаванд, ки агар дар онҳо аз нисф зиёди аъзои он иштирок дошта бошанд.

28. Қарорҳои Шуро бо тариқи овоздиҳии кушода бо аксарияти овозҳои аъзое, ки дар ҷаласаҳои Шуро иштирок мекунанд, қабул карда мешаванд.

29. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигари дахлдор расман таклифу дархости худро оид ба маблағгузории хароҷот барои лоиҳасозӣ, сохтмон, тармим ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Шуро пешниҳод менамоянд.

30. Қарорҳои Шуро бо протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби раис, аъзо ва котиби Шуро ба имзо расонида мешаванд. Иҷрои қарорҳои Шуро барои вазорату идораҳои масъул ҳатмӣ мебошад.

31. Нусхаи протокол ва иттилооти дигари марбут ба фаъолияти Шуро дар муддати панҷ рӯзи баъди гузаронидани ҷаласаи Шуро ба маълумоти аъзои Шуро ва шахсони дигари манфиатдор расонида мешавад.

32. Шуро дар мавриди зарурат барои иштирок дар ҷаласаҳои худ метавонад роҳбарон ва ё намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳоро бе ҳуқуқи овоздиҳӣ даъват намояд.

33. Нусхаҳои аслии протоколҳои ҷаласаҳои Шуро дар котиботи Шуро нигоҳ дошта мешаванд.

6. КОТИБОТИ ШУРОИ ФОНДИ РОҲ

34. Вазифаҳои котиботи Шуроро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

35. Вазифаҳои котиботи Шуро:

- ҷаласаҳои навбатӣ ва ғайринавбатии Шуроро даъват намуда, кори онҳоро ташкил менамояд;

- гузаронидани аудити солонаи молиявии Фонди роҳро ташкил менамояд;

- ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили пешниҳоду дархости вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигарро оид ба масъалаҳои хароҷоти маблағгузории корҳои лоиҳасозӣ, сохтмон, тармим ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи Фонди роҳро дар бораи хароҷоти маблағҳои Фонди роҳ дар давраи ҳисоботӣ ва пешниҳоди маблағҳои зарурӣ бо нишон додани таъиноти ҷудо кардани маблағ барои соли оянда пешниҳод менамояд. Ҳисоботи мазкур натиҷаҳои аудити солонаи молиявии Фонди роҳро дар бар мегирад;

- ҳар сол дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Фонди роҳ дар давоми 6 моҳи пас аз ба охир расидани соли молиявӣ дар сомонаи расмии Вазорати нақлиет маълумот нашр мекунад;

- масъалаҳоеро, ки бояд ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ва ғайринавбатии Шуро ворид карда шаванд, таҳия карда, се рӯз пеш аз баргузории ҷаласаи Шуро онро ба баррасии аъзои Шуро пешниҳод менамояд;

- протоколҳои ҷаласаро ба расмият дароварда, ба ҳамаи аъзои Шуро ва шахсони дигари манфиатдор нусхаҳои он ва маълумоти дигари марбут ба фаъолияти Шуроро ирсол менамояд;

- протоколҳои аслии ҷаласаҳои Шуроро нигоҳ медорад;

- коргузории Шуроро таъмин менамояд;

- муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари ба Шуро воридшударо омода ва ба Шуро пешниҳод менамояд;

- ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба масъалаҳои дар ҷаласаи Шуро баррасишаванда таҳия карда, лоиҳаи протоколи ҷаласаро ба раис ва аъзои Шуро пешниҳод менамояд;

- протоколи ҷаласаҳои Шуроро пас аз тасдиқи онҳо барои иҷро ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар вобаста ба самти фаъолият ва ваколатҳояшон пешниҳод менамояд;

- дурнамои даромад ва хароҷоти маблағҳои Фонди роҳ барои давраи миёнамуҳлатро дар раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- супоришҳои раис ва аъзои Шуро, инчунин вазифаҳои дигарро вобаста ба фаъолияти Шуро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

36. Бо пешниҳоди раиси Шуро котиби масъули Шуро аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шуро тариқи овоздиҳии кушода интихоб карда мешавад.

37. Котиби масъули Шуро дар ҷаласаҳо бе ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок менамояд.

7. ҲИСОБОТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ФОНДИ РОҲ

38. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Фонди роҳ ҳисобот пешниҳод менамояд.

39. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявии Фонди роҳ мутобиқи стандартҳои ҳисоботи молиявӣ дар бахши давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа амалӣ карда мешавад.

40. Котиботи Шуро ҳамасола то 1 март маълумот оид ба фаъолияти Фонди роҳро дар васоити ахбори омма нашр менамояд.

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

41. Шуро бо мақомот ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

42. Назорати фаъолияти Фонди роҳ оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои он мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2025, № 311

Ҳайати Шурои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарпарасти соҳа, раиси Шуро;

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси Шуро;


Аъзои Шуро:

муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи касабаи соҳаи роҳу нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

намояндаи иттиҳодияи ҷамъиятии соҳаи нақлиёти мусофир ва боркашонӣ (дар мувофиқа).


Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «29» мая 2025 года, №311

Порядок формирования и использования Дорожного фонда Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок формирования и использования Дорожного фонда Республики Таджикистан (далее – настоящий Порядок) определяет правовые и экономические основы формирования и использования средств Дорожного фонда Республики Таджикистан, а также статус его органа управления.

2. Органом управления Дорожного фонда Республики Таджикистан является Совет Дорожного фонда Республики Таджикистан.

3. С целью формирования Дорожного фонда Республики Таджикистан в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан открывается отдельный расчётный счет, расходы средств по которому осуществляются в соответствии с настоящим Порядком и на основании решений Совета Дорожного фонда Республики Таджикистан.

2. ИСТОЧНИКИ ФОРМИРОВАНИЯ ДОРОЖНОГО ФОНДА

4. Дорожный фонд Республики Таджикистан (далее – Дорожный фонд) формируется за счет следующих источников:

1) из государственного бюджета за счет следующих источников, в том числе:

- выплаты за выдачу лицензий на осуществление деятельности в отрасли дорожного строительства и транспорта;

- выплаты за выдачу специального разрешения на перевозку крупногабаритных и тяжеловесных грузов автомобильным транспортом;

- денежных штрафов за дорожные и транспортные правонарушения, налагаемые органами надзора и регулированию в области транспорта в соответствии со статьей 111 Процессуального кодекса об административных правонарушениях Республики Таджикистан;

- денежных средств путевок, разрешительных листов на международные двусторонние и транзитные автомобильные перевозки;

- не более 50 процентов средств от налоговых поступлений для передвижения зарубежных автомобильных транспортных средств на территории Республики Таджикистан;

2) средств от толлинговой системы, (за исключением толлинговой системы, введенной до вступления в силу настоящего Порядка);

3) целевых средств международных финансовых организаций;

4) добровольные взносов физических и юридических лиц;

5) других источников, не запрещенных законодательством.

5. Распределение средств, предусмотренных в подпункте 1) пункта 4 настоящего Порядка, непосредственно поступающих в государственный бюджет, ежегодно регулируются Законом Республики Таджикистан о Государственном бюджете Республики Таджикистан на соответствующий финансовый год.

3. НАПРАВЛЕНИЯ ИСПОЛЬЗОВАНИЯ СРЕДСТВ ДОРОЖНОГО ФОНДА

6. Средства, поступившие в Дорожный фонд, будут направлены на финансирование работ по проектированию, реконструкции и содержанию автомобильных дорог, функционированию Системы управления дорожных активов (СУДА) и сбор соответствующих данных Центром цифровизации Министерства транспорта.

7. Средства Дорожного фонда имеют целевое назначение и не подлежат изъятию или расходованию на другие нужды, за исключением особых случай по распоряжению Правительства Республики Таджикистан.

8. Неиспользованные в текущем году средства Дорожного фонда сохраняют свое целевое назначение, не подлежат изъятию в последующие годы и используются строго по целевому назначению.

9. Расходование средств Дорожного фонда осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан в области государственных закупок.

4. УПРАВЛЕНИЕ СРЕДСТВАМИ ДОРОЖНОГО ФОНДА

10. Средствами Дорожного фонда управляет и распоряжается Совет Дорожного фонда (далее – Совет).

11. Смета доходов и расходов средств Дорожного фонда формируется Министерством транспорта Республики Таджикистан и представляется Совету на основе прогноза поступления средств на очередной финансовый год и необходимости их расходования по направлениям, установленным настоящим Порядком,.

12. Прогноз доходов и расходов средств Дорожного фонда на среднесрочный период формируется Министерством транспорта Республики Таджикистан и представляется Совету.

13. Ведение бухгалтерского учета Дорожного фонда обеспечивается Министерством транспорта Республики Таджикистан.

5. СОВЕТ ДОРОЖНОГО ФОНДА

14. Совет образуется в составе 11 (одиннадцати) членов.

15. Совет не является юридическим лицом и не имеет официального бланка и печати.

16. Полномочия Совета:

- утверждение среднесрочного прогноза доходов и расходов средств Дорожного фонда;

- рассмотрение и утверждение сметы доходов и расходов средств Дорожного фонда на соответствующий финансовый год, а также внесение в нее изменений и дополнений;

- принятие мер по осуществлению контроля за целевым использованием средств Дорожного фонда;

- рассмотрение отчета секретариата Фонда об итогах выполнения сметы доходов и расходов Дорожного фонда;

- рассмотрение аудиторского отчета и акта ревизии органа государственного финансового контроля по использованию средств Дорожного фонда;

- внесение предложений и представлений в Правительство Республики Таджикистан по вопросам, отнесенным к управлению Дорожным фондом;

- осуществление иных полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

17. Совет при осуществлении своей деятельности имеет право:

- в установленном законодательством порядке запрашивать у министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и иных организаций материалы и информацию, необходимую для осуществления полномочий Совета;

- приглашать к участию в работе Совета представителей местных исполнительных органов государственной власти, общественных объединений, организаций, представителей международных организаций, частного сектора и гражданского общества;

- для реализации полномочий Совета создавать межведомственные рабочие группы и комиссии или привлекать независимых экспертов.

18. Обязанности Совета:

- координация и мониторинг процесса реализации деятельности по финансированию расходов для работ по проектированию, строительству, реконструкции и содержанию автомобильных дорог в Республике Таджикистан;

- утверждение ежегодного плана работы Совета;

- представление отчета Правительству Республики Таджикистан о результатах деятельности Совета по финансированию расходов для работ по проектированию, строительству, реконструкции и содержанию автомобильных дорог в Республике Таджикистан.

19. В состав Совета входят председатель и заместитель председателя, а также члены Совета, вошедшие в состав Совета из числа представителей министерств и ведомств.

20. Председатель Совета:

- руководит деятельностью Совета;

- координирует деятельность Совета;

- созывает и проводит заседания Совета;

- подписывает протоколы заседаний Совета и другие необходимые документы;

- направляет запросы министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти и иным организациям по вопросам, отнесенным к их деятельности для исполнения решений Совета ;

- осуществляет иные полномочия, связанные с деятельностью Совета.

21. В случае отсутствия председателя Совета, исполнение его обязанностей возлагаются на заместителя председателя Совета.

22. Члены Совета:

- участвуют на заседаниях Совета;

- вносят предложения для включения в план работы и повестку дня заседания Совета;

- в рамках решений Совета, представляют отчеты о мерах, связанных с деятельностью министерств и ведомств или организаций, которых они представляют в Совете;

- предоставляют необходимую информацию по запросу председателя Совета.

23. Совет осуществляет свою деятельность в форме заседания, которое проводится не реже четырех раз в году.

24. В случаях необходимости могут проводиться внеочередные заседания Совета. Внеочередные заседания Совета могут проводиться на основании поручений Правительства Республики Таджикистан или по инициативе председателя Совета, а также заместителя председателя Совета.

25. Заседания Совета по согласованию с членами Совета при необходимости могут проводиться в формате онлайн.

26. Не позднее, чем за три рабочих дня до начала заседания Совета членам Совета предоставляются повестка дня заседания и рассматриваемые на нем материалы.

27. Заседания Совета считаются правомочными только в том случае, если на них присутствуют более половины его членов.

28. Решения Совета принимаются открытым голосованием большинством голосов членов, принимающих участие в заседании Совета.

29. Министерства и ведомства, местные исполнительные органы государственной власти и другие заинтересованные организации официально вносят на рассмотрение Совета свои предложения и заявки по финансированию работ по проектированию, строительству, реконструкции и содержанию автомобильных дорог в Республике Таджикистан.

30. Решения Совета оформляются протоколом и подписываются председателем, членами и секретарем Совета. Решения Совета обязательны для исполнения ответственными министерствами и ведомствами.

31. Копия протокола и иная информация, связанная с деятельностью Совета, предоставляется членам Совета и иным заинтересованным лицам в течение пяти дней со дня проведения заседания Совета.

32. В случаях необходимости Совет для участия в своих заседаниях может приглашать руководителей или представителей министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и организаций без права голосования.

33. Оригиналы протоколов заседаний Совета хранятся в секретариате Совета.

6. СЕКРЕТАРИАТ СОВЕТА ФОНДА

34. Функции секретариата Совета осуществляет Министерство транспорта Республики Таджикистан.

35. Функции секретариата Совета:

- созывает очередные и внеочередные заседания Совета и организует их работу;

- организует проведение ежегодного финансового аудита Фонда;

- осуществляет сбор, обобщение и анализ предложений и заявок министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, иных организаций по вопросам расходов на финансирование работ по проектированию, строительству, реконструкции и содержанию автомобильных дорог в Республике Таджикистан;

- предоставляет в Правительство Республики Таджикистан годовой отчет Дорожного фонда о расходовании средств Дорожного фонда за отчетный период и расчет необходимых ассигнований, с указанием объектов выделения средств на следующий год. Данный отчет включает результаты ежегодного финансового аудита Дорожного фонда;

- ежегодно публикует информацию о результатах деятельности Дорожного фонда в течении 6 месяцев после окончания финансового года на официальном сайте Министерства транспорта;

- подготавливает вопросы для включения в повестку дня очередного и внеочередного заседания Совета и за три дня до проведения заседания Совета представляет их на рассмотрение членов Совета;

- оформляет протоколы заседаний и рассылает всем членам Совета и иным заинтересованным лицам их копии и иную информацию, связанную с деятельностью Совета;

- хранит оригиналы протоколов заседаний Совета;

- обеспечивает делопроизводство Совета;

- подготавливает и представляет в Совет обращения и другие документы, поступившие в Совет;

- подготавливает необходимые документы по вопросам, подлежащим рассмотрению на заседании Совета, и представляет проект протокола заседания председателю и членам Совета;

- направляет протоколы заседаний Совета после их утверждения для исполнения в министерства и ведомства, местные исполнительные органы государственной власти, иные организации в зависимости от направления деятельности и полномочий;

- представляет прогноз доходов и расходов средств Дорожного фонда на среднесрочный период в процессе разработки проекта Закона Республики Таджикистан о Государственном бюджете Республики Таджикистан на очередной финансовый год в Министерство финансов Республики Таджикистан;

- выполняет поручения председателя и членов Совета, а также иные функции, связанные с деятельностью Совета в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

36. По предложению председателя Совета на заседании Совета избирается ответственный секретарь Совета из числа работников Министерства транспорта Республики Таджикистан путем открытого голосования.

37. Ответственный секретарь Совета участвует на заседаниях без права голоса.

7. ОТЧЕТ О ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ДОРОЖНОГО ФОНДА

38. Министерство транспорта Республики Таджикистан в установленном порядке ежеквартально представляет отчет о деятельности Дорожного фонда Правительству Республики Таджикистан.

39. Бухгалтерский учет и финансовая отчетность Дорожного фонда осуществляются в соответствии со стандартами финансовой отчётности в государственном секторе и нормативными правовыми актами, регулирующими деятельность отрасли.

40. Секретариат Фонда ежегодно до 1 марта публикует в средствах массовой информации сведения о деятельности Дорожного фонда.

8. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

41. Совет в установленном порядке сотрудничает с другими органами и организациями.

42. Контроль за деятельностью Дорожного фонда по целевому использованию его средств осуществляется в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

Приложение 2
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «29» мая 2025 года, №311

Состав Совета Дорожного фонда Республики Таджикистан

Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан – куратор отрасли, председатель Совета;

Министр транспорта Республики Таджикистан – заместитель председатель Совета;


Члены Совета:

первый заместитель министра транспорта Республики Таджикистан;

заместитель министра юстиции Республики Таджикистан;

заместитель министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

заместитель министра финансов Республики Таджикистан;

первый заместитель председателя Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан;

первый заместитель председателя Государственного комитета по землеустройству и геодезии Республики Таджикистан;

заместитель председателя Торгово-промышленной палаты Республики Таджикистан;

председатель Профсоюза работников транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан;

представитель общественного объединения в области пассажирского и грузового транспорта (по согласованию).