Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2025, № 91 "Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба «Лоиҳаи Таҷдиди роҳи автомобилгарди Данғара-Гулистон»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба «Лоиҳаи Таҷдиди роҳи автомобилгарди Данғара-Гулистон»


Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба «Лоиҳаи Таҷдиди роҳи автомобилгарди Данғара-Гулистон», ки 11 марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи қарзии мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, аз 2 майи соли 2025, № 91


Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

О ратификации Кредитного соглашения между Республикой Таджикистан и Европейским Банком Реконструкции и Развития по «Проекту Реконструкции автодороги Дангара-Гулистон»

В соответствии со статьей 57 Конституции Республики Таджикистан и статьей 11 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Ратифицировать Кредитное соглашение между Республикой Таджикистан и Европейским Банком Реконструкции и Развития по «Проекту Реконструкции автодороги Дангара-Гулистон», подписанное 11 марта 2025 года в городе Душанбе.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Европейский Банк Реконструкции и Развития о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу указанного Кредитного соглашения.

Председатель Маджлиси намояндагон
Маджлиси Оли Республики Таджикистан          Ф.Идизода
г. Душанбе, 2 мая 2025 года, №91