Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2025, № 296 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқотӣ ва инноватсия дар шахси Хадамоти геологии Британия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқотӣ ва инноватсия дар шахси Хадамоти геологии Британия


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқотӣ ва инноватсия дар шахси Хадамоти геологии Британия маъқул дониста шавад.

2. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сана ва маҳалли ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 16 майи соли 2025, № 296

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқотӣ ва инноватсия дар шахси Хадамоти геологии Британия

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқотӣ ва инноватсия дар шахси Хадамоти геологии Британия, Никкер Ҳилл, Кейворт, Ноттингем, NG12 5GG, Британияи Кабир (ки минбаъд дар танҳогӣ «Тараф» ё дар якҷоягӣ «Тарафҳо» номида мешаванд) мувофиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо бо нияти вусъат додани ҳамкории минбаъда дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар асоси баробарӣ ва манфиатҳои мутақобила доир ба масъалаҳои зерин ба мувофиқа расиданд.

Моддаи 1

Тарафҳо аҳамияти соҳаи геологиро дар рушди устувори Тоҷикистон, таъмини некӯаҳволӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ муҳим мешуморанд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проекте Меморандума о взаимопонимании о сотрудничестве в области геологии и использования недр между Главным управлением геологии при Правительстве Республики Таджикистан и Советом по исследованиям и инновациям в лице Британской геологической службы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект Меморандума о взаимопонимании о сотрудничестве в области геологии и использования недр между Главным управлением геологии при Правительстве Республики Таджикистан и Советом по исследованиям и инновациям в лице Британской геологической службы.

2. Начальнику Главного управления геологии при Правительстве Республики Таджикистан подписать настоящий Меморандум о взаимопонимании и при необходимости внести в его текст изменения у дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Соединённым Королевством Великобритании и Северной Ирландии дату и место подписания настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон
г.Душанбе, от 16 мая 2025 года, №296

Прилагается на тадж.яз


...